МАХФИЯТ
Ӯҳдадории мо
Дар корпоратсияи Samsung Electronics Co Ltd (баъдан «Samsung Electronics» ё ки «Samsung») ҳамаи муҳимияти таъмини махфияти иттилооти мизоҷори моро дарк мекунанд. Мо мехоҳем боварӣ ҳосил намоем, ки мо чӣ тавр маълумотҳои шахсии шуморо дар ҳамаи дастгоҳҳои шумо ва дар хадамотҳои Samsung, аз телефонҳои мобилӣ ва планшетҳо то телевизорҳо, техникаи маишӣ, хадамоти шабакавӣ ва ғайра ҷамъ меорем ва истифода мебарем, фаҳмиlа бошед.
Сиёсати махфияти мазкур ба ҳамаи хадамотҳои мо паҳн мешавад, вале ҳангоми зарурият мо инчунин иттилооти иловагиро оиди усулҳои таъминкунии махфият бо истифода аз хадамоти алоҳида пешкаш мекунем.
ТАВСИФИ МАЪЛУМОТҲОИ ШАХСӢ
Мо маълумотҳои шахсии аз ҷониби Шумо пешкашгардидаро, иттилоот оиди онро, ки Шумо чӣ тавр аз хизматрасониҳои мо истифода мебаред, ва иттилооти аз сарчашмаҳои ҷонибӣ гирифташавандаро ҷамъ мекунем. Мо аз маълумотҳо барои ба Шумо пешкаш кардани хизматрасониҳо ва фаҳмиши онро, ки Шумо чӣ тавр аз хизматрасониҳои мо истифода мебаред, истифода мебарем, то ки мо имкониятҳои Шуморо беҳтар кунем ва фардӣ танзим намоем, инчунин барномаҳо, технологияҳо ва мундариҷаи бештар мубрамро барои мизоҷони мо коркард намоем. Мо инчунин маълумотҳои шахсиро барои ба Шумо пешкаш намудани реклама, ки бо назардошти шавқмандиҳои Шумо ба таври фардӣ интихоб мегардад, истифода мебарем.
ПЕШКАШКУНИИ МАЪЛУМОТҲОИ ШАХСИИ ШУМО
Мо маълумотҳои шахсии Шуморо ба шахсони вобастабудаи Samsung Electronics, инчунин ба ширкатҳои пешкашкунандаи хизматрасониҳо аз номи имени Samsung Electronics интиқол дода метавонем. Мо инчунин маълумотҳои шахсии Шуморо ба ширкатҳои боэътимоди ҳамкорӣ, масалан, ба таҳвилгарони хизматрасониҳои мобилӣ ё ки ширкатҳои суғуртавӣ, ки маҳсулотҳо ё ки хизматрасониҳои аз ҷониби Шумо дархостшаванда, инчунин маълумотҳо оиди маҳсулотҳо ва хизматрасониҳои ба Шумо шавқмандро пешкаш мекунанд, интиқол дода метавонем. Мо маълумотҳои шахсиро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ интикол медиҳем, вақте ки ин тибқи қонун ё ки ҳифзи ширкати Samsung Electronics ва истифодабарандагони он талаб карда шавад.
Сиёсати махфият
Ҷиҳатҳои асосии Сиёсати махфияти SAMSUNG
-
Соҳаи татбиқ
Сиёсати махфияти мазкур ба ҳамаи дастгоҳҳои мо ва дар хадамотҳои Samsung, аз телефонҳои мобилӣ ва планшетҳо то телевизорҳо, техникаи маишӣ, хадамоти шабакавӣ ва ғайра (ки ҳамчоя «Хадамот» номбар мешаванд) паҳн мешавад.
-
Иттилооти ҷамъоваришаванда
Мо иттилооти намудҳои гуногуни алоқаманд бо хизматрасониҳоро ҷамъ меорем, аз он ҷумла:
- Маълумотҳои бевосита аз ҷониби Шумо пешкаш карда шаванда;
- Иттилоот дар бораи аз ҷониби Шумо истифода гардидани Хадамотҳо;
- Иттилоот аз сарчашмаҳои дастраси умум ва пулакӣ ё ки иттилооти ҳамҷоя истифодашаванда;
- Иттилоот аз сарчашмаҳои дастраси умум ва пулакӣ ё ки иттилооти ҳамҷоя истифодашаванда;
Мо инчунин иттилооти дигар оиди Шумо, дастгоҳҳои Шумо ё ки аз ҷониби Шумо истифода гардидани Хадамотҳоро, ки Шумо барои ба мо фиристодани онҳо розӣ ҳастед, ҷамъ карда метавонем.
-
Истифодабарӣ ва интиқоли иттилоот
Мо маълумотҳои ҷамъоваригардида бо мақсадҳои зерин истифода мебарем:
- барои ёрӣ додан дар аз қайд гузаронидани Шумо ё ки дастгоҳи Шумо барои дастрасӣ ба Хадамоти мо;
- барои пешкашкунии Хадамот ё ки функсияи аз ҷониби Шумо дархосткардашаванда;
- барои пешкашкунии муҳтавои фардӣ интихобгардида ва хизматрасониҳои фардикунонидашуда дар асоси амалҳои қаблии Шумо дар Хадамотҳои мо;
- барои дар веб-сомонаҳои мо, веб-сомонаҳои шахсони сеюм ва онлайн-платформаҳои ба монанди сомонаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, пешкаш кардани рекламаи фардикунонидашуда ва пешниҳодҳое, ки ба Шумо шавқовар буда метавонанд;
- барои пешкаш кардани маълумотҳо дар бораи иқдомҳои рекламавӣ ва пешниҳодҳо тавассути паёмҳои бевоситаи маркетингӣ танҳо дар он ҳолатҳо, вақте ки Шумо ба мо розигии алоҳида дода бошед;
- барои таҳлили маҳсулотҳо ва хизматрасониҳои мо, то ки мо мизоҷони худро беҳтар фаҳмида тавонем ва ба Шумо тамос, хизматрасониҳо ва имкониятҳои бештар мубрамро пешниҳод кунем;
- барои дархости ақидаи Шумо дар бораи маҳсулотҳо ва хизматрасониҳои мо ва гузаронидани пурсишҳои мизоҷон бо розигии алоҳидаи Шумо;
- барои навкунии таъминоти барномавӣ, пешкашкунии хизматрасонии техникӣ ва дастгирии Дастгоҳҳои шумо;
- барои риояи мутобиқат ба қонунгузорӣ ва ҷараёнҳои ҳуқуқӣ;
- барои ҳифзи ҳуқуқ, моликият ё ки бехатарии ширкати Samsung Electronics, шахсони дилхоҳи вобаста, шарикони тиҷоратӣ ё ки мизоҷони он.
Мо иттилооти Шуморо ба шахсон ва ташкилотҳои зерин интиқол дода метавонем:
Мы можем передавать Вашу информацию следующим лицам и организациям:
- Ба шахсони вобаста: ширкатҳои дигар, ки ба гурӯҳи Samsung Electronics вориданд, ки онҳоро мо идора ё ки соҳибӣ мекунем.
- Ба шарикони тиҷоратӣ: шариконе, ки бо онҳо мо барои ба Шумо пешкаш кардани Хадамотҳое, ки Шумо дархост кардед ё ки харидед. Масалан, мо бо бонк кор карда метавонем, то ки Шумо яке аз Хадамотҳои моро барои пардохтҳои боз ҳам зудтар ва самараноктар истифода бурда тавонед. Онҳо шарикони тиҷоратие мебошанд, ки маълумотҳои шахсии Шуморо назорат мекунанд ва онҳоро идора мекунанд.
- Ба таҳвилгарони хизматрасониҳо: ба ширкатҳои ба таври бояду шояд интихобгардида, ки барои мо ё ки аз номи хизматҳоро мерасонанд. Ин, масалан, ширкатҳое, ба мо дар таъмир, дар марказҳои хизматрасонии мизоҷон, чорабиниҳо оид ба хизматрасонӣ ба мизоҷон, реклама (аз он ҷумла, рекламаи фардикунонидашуда дар веб-сомонаҳо, веб-сомонаҳои шахсони дигар ё ки платформаҳои онлайнӣ), гузаронидани пурсишҳои қаноатмандии мизоҷон, пешкашкунии ҳисобномаҳо ё ки фиристодани мактубҳои электронӣ аз номи мо. Ин таҳвилгарон инчунин барои муҳофиза кардани иттилооти Шумо ӯҳдадор мешаванд.
- Ба шахсони дигар бо талаботи қонун ё ки барои ҳифзи Хадамотҳои мо: масалан, кушодани иттилооти Шумо мутобиқи қонунгузорӣ, мурофиаи судӣ ё ки супориши судии мақомотҳои давлатӣ зарур шуданаш мумкин аст. Онҳо инчунин аз мо иттилооти Шуморо бо мақсади таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти миллӣ, мубориза бо терроризм ё ки дар алоқамандӣ бо масъалаҳои дигари вобаста бо бехатарии ҷамъиятӣ талаб дархост карда метавонанд.
- Ба шахсон ва ташкилотҳои дигар дар алоқамандӣ бо амалиётии корпоративии мо. Мо маълумоти Шуморо ба шахси сеюм баъд аз ҳамҷоя гардидан ё ки интиқол додан, харидан ё ки фурӯши тиҷорат, ё ки дар ҳолати муфлисӣ дода метавонем.
- Ба шахсони дигар бо розигии Шумо ё ки бо нишондоди шумо: ба ғайр аз ҳолатҳои кушодани иттилооти дар Сиёсати махфияти мазкур тавсифгардида, мо иттилоот оиди Шуморо ба шахсони сеюм бо розигии алоҳидаи Шумо ё ки бо дархости Шумо дода метавонем.
-
Иттилооти иловагӣ дар бораи хадамотҳои муайян
-
Иттилоот барои тамос
Почтаи электронӣ: тавассути қисмати «Иттилоот барои тамос» дар веб-сомона
http://help.content.samsung.com.
Samsung Electronics Co., Ltd.
129 Samsung-Ro, Maetan-3dong, Yeongtong-gu, Suwon-si, Gyeonggi-do, Korea
Барои истифодабарандагон дар Аврупо::
Samsung Electronics (UK) Limited, Samsung House, 1000 Hillswood Drive, Chertsey, Surrey KT16 0PS
Оид ба масъалаҳо дар бораи хадамоти интерактивии пулакӣ: Samsung Electronics GmbH, Samsung House, Am Kronberger Hang 6, 65824 Schwalbach/Ts., Deutschland
СИЁСАТИ МАХФИЯТИ SAMSUNG
Санаи қувваи қонунӣ пайдо кардан: 30 апрели соли 2019
Сиёсати махфияти мазкур ба ҳамаи дастгоҳҳои мо ва дар хадамотҳои Samsung, аз телефонҳои мобилӣ ва планшетҳо то телевизорҳо, техникаи маишӣ, хадамоти шабакавӣ ва ғайра (ки ҳамчоя «Хадамот» номбар мешаванд) паҳн мешавад.
Мунтазам хондани Сиёсати махфият муҳим аст, зеро қоидаҳои он нав карда шуда метавонанд. Мо Сиёсати махфияти мазкурро гоҳ-гоҳ барои инъикоси тағйиротҳо дар усулҳои кори мо бо маълумотҳои шахсии дар доираи Хадамотҳо пешкаш карда шаванд, ё ки тағйиротҳо дар қонунгузории амалкунанда нав карда метавонем Мо хабарномаҳои мутобиқро дар веб-сомонаи мо ё ки дар дастгоҳи шумо интишор мекунем, то ки шуморо оиди тағйиротҳои дилхоҳи ҷиддӣ дар Сиёсати махфият хабардор намоем, бо ин дар қисми болоии Сиёсати махфият санаи охирони навсозии он нишон дода мешавад. Версияи аз ҳама охирони Сиёсати махфият ҳамеша дар суроғаи зерин дастрас аст: https://account.samsung.com/membership/pp
ИТТИЛООТЕ, КИ МО ҶАМЪ МЕОРЕМ
Samsung Electronics маълумотҳои шахсии Шуморо бо усулҳои гуногун ҷамъ меорад.
Маълумотҳои бевосита аз ҷониби Шумо пешкаш карда шаванда
Баъзе Хадамотҳо ба Шумо барои интиқол додани иттилоот бевосита ба мо имкон медиҳанд. Масалан:
• Ҳангоми офарида шудани сабти бақайдгирӣ ё ки профил аз ҷониби Шумо мо маълумотҳои монанди ном, санаи таваллуд ё ки суроиро дархост карда метавонем.
• Агар Шумо аз мо маҳсулот ё ки хизматрасонии пулакиро фармоиш диҳед, он гоҳ барои коркарди ин фармоиш мо ном, суроға, маълумотҳои тамосӣ, суроғаи дастраскуниро дархост карда метавонем.
• Барои пешкаш кардани ҷавобҳо ҳангоми муроҷиат ба Маркази хизматрасонии мизоҷон, ба мо маълумотҳо барои тасдиқкунии шахсияти шумо ва иттилоот дар бораи маҳсулот, дар бораи
оне, ки дархост мекунед, талаб карда шуданаш мумкин аст.
• Ҳангоми муошират бо кормандони Маркази хизматрасонии мо ё ки Хадамоти дигар паёмҳои шумо тавассути системаҳои мо интиқол дода шуда ва дар онҳо нигоҳ дошта мешавад.
Иттилоот дар бораи аз ҷониби Шумо истифода гардидани Хадамотҳо
Ба ғайр аз иттилооти аз ҷониби Шумо пешкаш карда мешуда, мо маълумотҳоро оиди он ҷамъ мекунем, ки чӣ тавр Шумо аз хадамотҳои мо, тавассути таъминоти барномавӣ дар дастгоҳҳои Шумо ва усулҳои дигар истифода мебаред. Мо маълумотҳои ба монанди зеринро ҷамъ хоҳем кард:
• Маълумот дар бораи дастгоҳ: модели дастгоҳ, маълумотҳо оиди таҷҳизоти дастгоҳ, рақами IMEI ва идентификаторҳои беҳамтои дастгоҳ, рақами телефон, рақами силсилавӣ, коди фурӯш, сабтҳо дар бораи дастрасӣ, версияи ҷории таъминоти барномавӣ, коди кишвар барои алоқаи мобилӣ, коди шабакаи алоқаи мобилӣ, суроғаи MAC, суроғаи IP, файлҳои cookie, пикселҳо, маълумотҳо дар бораи обуна, версияҳои системаи оператсионӣ ва танзимоти дастгоҳҳои барои дастрасӣ ба Хадамот истифодашаванда.
• Маълумотҳои журналҳо: маълумотҳои диагностикӣ ва техникӣ, маълумотҳо дар бораи хатогиҳо ва истифодабарӣ, ба монанди вақт ва давомнокии аз ҷониби Шумо истифода гардидани Хадамотҳо, дархостҳои ҷустуҷӯӣ, ки Шумо дар дастгоҳи Шумо ҳангоми ба Хадамоти муайяни Samsung пайваст гардиданд ворид кардаед, ва иттилооти дилхоҳи дар файлҳои cookie маҳфузгардида, ки мо ба дархостҳои Шумо фиристодаем.
• Иттилоот дар бораи ҷойгиршавӣ: сигналҳои GPS, ки аз ҷониби дастгоҳи Шумо гирифта мешаванд, ё ки маълумотҳо дар бораи нуқтаҳои дастрасии Wi-Fi ва манораҳои алоқаи мобилӣ, ки ба мо ҳангоми аз Хадамоти муайян истифода бурдан ва фаъол кардани функсияи муайянкунии ҷойгиршавии шумо ба мо дода шуда метавонанд.
• Иттилооти овозӣ: сабтҳои овози Шумо, ки мо онро мо меофарем ва дар серверҳои мо нигоҳ медорем, вақте ки Шумо ин функсияро фаъол мекунед ва аз фармонҳои овозӣ барои идора кардани Хадамоти мо ё ки ҳангоми муошират бо кормандони Маркази хизматрасонии мизоҷон истифода мебаред. Диққат диҳед, ки агар мо бо таҳвилгари ҷонибии хизматрасониҳо, ки хизматрасониҳои табдилдиҳии нутқ ба матнро аз номи мо пешкаш мекунад, кор кунем, ин таҳвилгар метавонад фармонҳои муайяни овозиро мутобиқи шартномаи байни мо ва таҳвилгари ҷонибии хизматрасониҳо басташуда гирифта ва маҳфуз карда метавонад.
• Иттилоот дар бораи клавиатураи Samsung: калимаҳое, ки шумо мечинед, вақте ки функсияи вуруди зеҳнии матнро фаъол мекунед. Ин функсия дар вобастагӣ бо сабти бақайдгирии Samsung-и шумо барои ҳамоҳанг кардани маълумотҳо барои истифодабарӣ дар дастгоҳҳои дигари Samsung-и шумо пешниҳод карда шуданаш мумкин аст. Барои нест кардани маълумотҳо, ба танзимоти вуруди зеҳнии матн гузаред.
• Иттилоот дар бораи диданҳо: шабакаҳо, веб-сомонаҳои ташриф оварда шуда, барномаҳои дар дастгоҳҳои Шумо дидашаванда, ва миқдори вақте, ки барои тамошои онҳо сарф карда шудааст.
• Иттилооти дигар дар бораи аз ҷониби Шумо истифода гардидани Хадамот, масалан, маълумотҳо дар бораи барномаҳои истифодабарандаи шумо, веб-сомонаҳои ташриф оварда шуда ва кор бо муҳтаво, ки тавассути ягон Хадамот пешниҳод карда мешавад.
Иттилоот аз сарчашмаҳои дастраси умум ва пулакӣ ё ки иттилооти ҳамҷоя истифодашаванда
Вақте ки мо иттилоотро аз сарчашмаҳои дастраси умум ё ки пулакӣ ҷамъ меорем, аз он ҷумла, аз шабакаҳои аз ҷониби Шумо истифода бурда шаванда, ва онро бо иттилооти дигар дар бораи Шумо ҳамҷоя мекунем, то ки мо талабот, шавқомандӣ ва бартариятҳои шумо беҳтар фаҳмида тавонем.
Иттилооти дигари аз ҷониби мо ҷамъоваришаванда
Мо инчунин иттилооти дигар оиди Шумо, дастгоҳҳои Шумо ё ки аз ҷониби Шумо истифода гардидани Хадамотҳоро, ки Шумо барои ба мо фиристодани онҳо розӣ ҳастед, ҷамъ карда метавонем.
Хадамоти ҷонибии таҳлилӣ
Бо истифодабарии Хадамоти муайян, мо маълумотҳои шахсиро дар бораи ҳаракатҳои Шумо дар интернет дар веб-сомонаҳо ва дастгоҳҳои пайвастгардида дар давоми давраи дурударози вақт, инчунин тавассути веб-сомонаҳои ҷонибӣ, дастгоҳҳо, барномаҳо ва дигар онлайн-функсияҳо ва хадамотҳо ҷамъ оварда метавонем. Мо аз хадамоти ҷонибии таҳлилӣ дар ин Хадамот, масалан, Google Analytics истифода бурда метавонем. Дастраскунандагони хизматрасониҳои бо маъмурикунии ин хадамоти таҳлил машғуланд, ба мо барои таҳлилкунии аз ҷониби Шумо истифода гардидани Хадамот ва беҳтар кардани ин Хадамот ёрӣ медиҳанд. Маълумотҳое, ки мо мегирем, метавонанд бевосита аз ҷониби ин таҳвилгарон ва ҷонибҳои дигари мутобиқ, ки ин маълумотҳоро истифода мебаранд, масалан, барои баҳодиҳии истифода бурдан аз Хадамот, ёрӣ дар маъмурикунии Хадамот ва ташхиси муаммоҳои техникӣ кушода шуда ё ки ҷамъ оварда шуда метавонанд. Маълумоти иловагӣ дар бораи Google Analytics-ро дар саҳифаи http://www.google.com/analytics/learn/privacy.html ва https://www.google.com/policies/privacy/partners/ ёфтан мумкин аст
Вариантҳои имконпазири интихоб
Шумо ба мо маълумотҳои муайян, ба монанди иттилооти ҳангоми бақайдгирии сабти баҳисобгирии Samsung дархост карда шавандаро пешкаш накарда метавонед. Дар баъзе ҳолатҳо ин имконияти истифодабарии Хадамотҳоро маҳдуд карда метавонад. Мо барои фаҳмонидани ҳамаи ин маҳдудиятҳо тамоми кӯшишамонро ба харҷ медиҳем, вақте ки мо иттилооти Шуморо дархост мекунем, то ки шумо қарори асосноккардашударо қабул карда тавонед. Масалан, Samsung Cloud барои иҷро кардани нусхабардории захиравии иттилооти Шумо ва офаридани нуқтаи барқароркунӣ имкон медиҳад; вале хадамоти Samsung Cloud барои нигоҳдорӣ ва коркарди иттилооти махфӣ таъин нагардидааст.
МО АЗ ИТТИЛООТИ ШУМО ЧӢ ТАВР ИСТИФОДА МЕБАРЕМ?
Мо маълумотҳои ҷамъоваригардида бо мақсадҳои зерин истифода мебарем:
• барои ёрӣ додан дар аз қайд гузаронидани Шумо ё ки дастгоҳи Шумо барои дастрасӣ ба Хадамоти мо;
• барои пешкашкунии Хадамот ё ки функсияи аз ҷониби Шумо дархосткардашаванда;
• барои пешкашкунии муҳтавои фардӣ интихобгардида ва хизматрасониҳои фардикунонидашуда дар асоси амалҳои қаблии Шумо дар Хадамотҳои мо;
• барои дар веб-сомонаҳои мо, веб-сомонаҳои шахсони сеюм ва онлайн-платформаҳои ба монанди сомонаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, пешкаш кардани рекламаи фардикунонидашуда ва пешниҳодҳое, ки ба Шумо шавқовар буда метавонанд;
• барои пешкаш кардани маълумотҳо дар бораи иқдомҳои рекламавӣ ва пешниҳодҳо тавассути паёмҳои бевоситаи маркетингӣ танҳо дар он ҳолатҳо, вақте ки Шумо ба мо розигии алоҳида дода бошед;
• барои таҳлили маҳсулотҳо ва хизматрасониҳои мо, то ки мо мизоҷони худро беҳтар фаҳмида тавонем ва ба Шумо тамос, хизматрасониҳо ва имкониятҳои бештар мубрамро пешниҳод кунем;
• барои дархости ақидаи Шумо дар бораи маҳсулотҳо ва хизматрасониҳои мо ва гузаронидани пурсишҳои мизоҷон бо розигии алоҳидаи Шумо;
• барои навкунии таъминоти барномавӣ, пешкашкунии хизматрасонии техникӣ ва дастгирии Дастгоҳҳои шумо;
• барои риояи мутобиқат ба қонунгузорӣ ва ҷараёнҳои ҳуқуқӣ;
• барои ҳифзи ҳуқуқ, моликият ё ки бехатарии ширкати Samsung Electronics, шахсони дилхоҳи вобаста, шарикони тиҷоратӣ ё ки мизоҷони он.
Мо иттилоотеро, ки дар бораи Шумо аз Хадамотҳои мо, дастгоҳҳо ва сарчашмаҳои дигар ҷамъ меорем, барои баланд кардани сифати хизматрасонӣ истифода мебарем ва ҳамҷоя мекунем. Масалан, Шумо аз маълумотҳои сабти бақайдгирии Samsung-и шумо на танҳо дар он Хадамоте, ки шумо дар он аз қайд гузаштаед, вале дар дигар Хадамотҳои истифодабарандаи сабтҳои бақайдгирии Samsung низ истифода бурда метавонед. Мо инчунин маълумотҳои пешниҳоднамудаи Шуморо бевосита ё ки тавассути сарчашмаҳои дигар, чӣ тавре ки дар боло тавсиф гардидааст, барои пешкашкунии муҳтавое, ки ба Шумо писанд омада метавонад ё ки онро Шумо фардӣ кардаед, истифода мебарем.
Шумо нисбати маълумотҳои шумо интихоб доред. Иттилооти иловагиро дар қисмати ШУМО КАДОМ ҲУҚУҚҲОРО ДОРЕД бинед.
[Танҳо барои истиқоматкунандагони кишварҳои ба Фазои иқтисодии Аврупо ворибуда (EEA)]
Samsung коркарди маълумотҳои шахсиро дар мақсадҳои дар боло тавсифгардида истифода мебарад. Ширкати Samsung коркарди маълумотҳои шахсиро дар он асоси ҳуқуқӣ ба амал мебарорад, ки чунин коркард истифода бурда мешавад:
(i) барои он, ки мо ваъдаҳои моро, ба монанди ба шумо пешкаш кардани Хадамот, иҷро карда тавонем;
(ii) Барои пешбарии манфиатҳои тиҷоратии мо (масалан, барои идоракунии муносибатҳои мо бо шумо ва беҳтаркунии сифати хизматрасонии мизоҷон), аз он ҷумла хабарҳо дар веб-сомонаи мо, веб-сомонаҳои шахсони сеюм ва платформаҳои онлайнӣ;
(iii) Барои таъмини мутобиқат ба қонунгузорӣ ва ҷараёнҳои ҳуқуқӣ;
(iv) Бо розигии шумо (масалан, барои фиристодани хабарҳои бевоситаи маркетингӣ). Агар шумо розигии худро диҳед, шумо бо тамосгирӣ бо мо, чӣ тавре ки дар қисмати ТАМОСИ БАРЪАКС-и Сиёсати мазкури махфият нишон дода шудааст, ҳамеша онро баргашта гирифта метавонед.
Samsung Electronics назоратчии маълумотҳо ҳангоми коркарди маълумотҳои шахсии шумо, чӣ тавре ки дар тавсиф гардидааст, мебошад. Барои баъзе аз хабарҳои бевоситаи маркетингӣ ва рекламаи шахсигардонидашуда дар Аврупо ширкати Samsung Electronics (UK) Limited, ки дар Шоҳигарии Иттиҳодияи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ қарор дорад, инчунин назоратчии маълумотҳои шахсии шумо мебошад. Баъд аз бахшҳои аврупогии Samsung инчунин маълумотҳои шахсии шуморо дар кишварҳои худ коркард мекунанд. Дар куҷое, ки ин татбиқ карда шавад, зершӯъбаҳои фаръии Samsung дар веб-сомонаи худ Сиёсати маҳаллии махфияти худро бо тавзеҳот пешкаш мекунад.
[Танҳо барои истиқоматкунандагони кишварҳои зерин: Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон]
Samsung коркарди маълумотҳои шахсиро дар мақсадҳои дар боло тавсифгардида истифода мебарад. Ширкати Samsung коркарди маълумотҳои шахсиро дар он асоси ҳуқуқӣ ба амал мебарорад, ки чунин коркард истифода бурда мешавад:
(i) барои он, ки мо ваъдаҳои моро, ба монанди ба Шумо пешкаш кардани Хадамот, иҷро карда тавонем;
(ii) Барои пешбарии манфиатҳои тиҷоратии мо (масалан, барои идоракунии муносибатҳои мо бо Шумо ва беҳтаркунии сифати хизматрасонии мизоҷон), аз он ҷумла хабарҳо дар веб-сомонаи мо, веб-сомонаҳои шахсони сеюм ва платформаҳои онлайнӣ;
(iii) Барои таъмини мутобиқат ба қонунгузорӣ ва ҷараёнҳои ҳуқуқӣ;
(iv) Бо розигии Шумо (масалан, барои фиристодани хабарҳои бевоситаи маркетингӣ). Шумо бо тамосгирӣ бо мо, чӣ тавре ки дар қисмати ТАМОСИ БАРЪАКС нишон дода шудааст, ҳамеша розигии худро баргашта гирифта метавонед.
Samsung Electronics назоратчии маълумотҳо ҳангоми коркарди маълумотҳои шахсии Шумо, чӣ тавре ки дар тавсиф гардидааст, мебошад. Барои баъзе мақсадҳои дигар, ба монанди дастгирии мизоҷон ва ҷараёнҳои бо онҳо вобастаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, чорабиниҳои маҳаллии рекламавӣ ва маркетингӣ, фурӯши маҳсулотҳои Samsung дар кишвари Шумо, инчунин қонунгузории маҳаллӣ татбиқ шуда метавонад. Ҳангоми зарурият мо ба Шумо Сиёсатҳои алоҳида дар бораи махфиятро пешкаш карда метавонем.
ИТТИЛООТИ ШУМОРО МО БА КӢ МУБОДИЛА МЕКУНЕМ?
Мо Иттилооти шуморо дар дохили ширкати мо хоҳем кушод, вале танҳо ба онҳое, ки барои пешкашкунии баъдинаи Хадамот ё ки барои ёрӣ дар дархостҳои Шумо зарур аст.
Мо инчунин иттилооти Шуморо ба ташкилотҳои зерин танҳо дар он дараҷае, ки дар он ин барои пешкашкунии Хадамоти мо зарур аст, хоҳем кушод:
• Ба шахсони вобаста: ширкатҳои дигар, ки ба гурӯҳи Samsung Electronics вориданд, ки онҳоро мо идора ё ки соҳибӣ мекунем.
• Ба шарикони тиҷоратӣ: шариконе, ки бо онҳо мо барои ба Шумо пешкаш кардани Хадамотҳое, ки Шумо дархост кардед ё ки харидед. Масалан, мо бо бонк кор карда метавонем, то ки Шумо яке аз Хадамотҳои моро барои пардохтҳои боз ҳам зудтар ва самараноктар истифода бурда тавонед. Онҳо шарикони тиҷоратие мебошанд, ки маълумотҳои шахсии Шуморо назорат мекунанд ва онҳоро идора мекунанд
• Ба таҳвилгарони хизматрасониҳо: ба ширкатҳои ба таври бояду шояд интихобгардида, ки барои мо ё ки аз номи хизматҳоро мерасонанд. Ин, масалан, ширкатҳое, ба мо дар таъмир, дар марказҳои хизматрасонии мизоҷон, чорабиниҳо оид ба хизматрасонӣ ба мизоҷон, реклама (аз он ҷумла, рекламаи фардикунонидашуда дар веб-сомонаҳо, веб-сомонаҳои шахсони дигар ё ки платформаҳои онлайнӣ), гузаронидани пурсишҳои қаноатмандии мизоҷон, пешкашкунии ҳисобномаҳо ё ки фиристодани мактубҳои электронӣ аз номи мо. Ин таҳвилгарон инчунин барои муҳофиза кардани иттилооти Шумо ӯҳдадор мешаванд.
• Ба шахсони дигар бо талаботи қонун ё ки барои ҳифзи Хадамотҳои мо: масалан, кушодани иттилооти Шумо мутобиқи қонунгузорӣ, мурофиаи судӣ ё ки супориши судии мақомотҳои давлатӣ зарур шуданаш мумкин аст. Онҳо инчунин аз мо иттилооти Шуморо бо мақсади таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти миллӣ, мубориза бо терроризм ё ки дар алоқамандӣ бо масъалаҳои дигари вобаста бо бехатарии ҷамъиятӣ талаб дархост карда метавонанд.
• Ба шахсон ва ташкилотҳои дигар дар алоқамандӣ бо амалиётии корпоративии мо. Мо маълумоти Шуморо ба шахси сеюм баъд аз ҳамҷоя гардидан ё ки интиқол додан, харидан ё ки фурӯши тиҷорат, ё ки дар ҳолати муфлисӣ дода метавонем.
• Ба шахсони дигар бо розигии Шумо ё ки бо нишондоди шумо: ба ғайр аз ҳолатҳои кушодани иттилооти дар Сиёсати махфияти мазкур тавсифгардида, мо иттилоот оиди Шуморо ба шахсони сеюм бо розигии алоҳидаи Шумо ё ки бо дархости Шумо дода метавонем.
МО ИТТИЛООТИ ШУМОРО ЧӢ ТАВР МУҲОФИЗА МЕКУНЕМ?
Мо ба муҳофизаи маълумотҳо муносибати ҷиддӣ дорем. Мо барои таъмин кардани нигоҳдории бехатари иттилооте, ки ҷамъ меорем, воситаҳои ҷисмонӣ ва техникиро татбиқ мекунем. Вале диққат диҳед, ки ба он нигоҳ накарда, ки мо барои ҳифзи маълумоти Шумо чораҳои ақлона меандешем, ягон веб-сомонаҳо, интиқоли маълумотҳо дар Интернет, системаҳои компютерӣ ё ки пайвастшавиҳои беноқил пурра муҳофизашуда намебошанд.
МО МАЪЛУМОТҲОИ ШУМОРО БА КУҶО МЕФИРИСТЕМ?
Аз ҷониби Шумо истифода бурда шудани Хадамоти мо интиқолдиҳӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди маълумотҳои шахсии Шуморо дар дохил ва беруни кишвари истиқомати Шумо мутобиқи Сиёсати мазкурро дарбар мегирад. Хусусан, маълумотҳои шахсии Шумо ба Ҷумҳурии Корея интиқол дода мешавад. Диққат диҳед, ки қонунҳо дар бораи ҳифзи маълумотҳо ва қонунҳои дигари кишвар, ки ба он маълумотҳои Шумо интиқол дода шуда метавонад, метавонанд нисбат ба қонунҳои кишвари Шумо камтар муфассал бошанд.
[Танҳо барои истиқоматкунандагони кишварҳои ба Фазои иқтисодии Аврупо ворибуда (EEA)]
Ба ғайр аз он, аз ҷониби Шумо истифода гардидани Хадамотҳо инчунин интиқолдиҳӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди маълумотҳои шахсии Шумо дар кишварҳои дигарро дарбар гирифта метавонад; ба чунин кишварҳо, бе маҳдудият, кишварҳои Фазои иқтисодии Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин, Сингапур, Вйетнам, Ҳиндустон, Канада, Филиппин ва Ҷопон мансубанд. Мо чораҳои мувофиқро мутобиқи қонунгузории
амалкунанда меандешем, то ки муҳофизаи маълумотҳои шахсии Шуморо таъмин кунем. Чунин чораҳо истифодабарии шартҳои стандартии шартномавӣ барои ҳифзи интиқоли
маълумотро берун аз EEA дарбар мегиранд. Барои дархости иттилооти иловагӣ ё ки гирифтани нусхаҳои қарордодҳои шартномавии ҷорӣ бо мо тамос гиред. Маълумотҳо иловагиро дар қисмати ТАМОСИ БАРЪАКС бинед.
[Танҳо барои истиқоматкунандагони кишварҳои зерин: Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон]
Ба ғайр аз он, аз ҷониби Шумо истифода гардидани Хадамотҳо инчунин интиқолдиҳӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди маълумотҳои шахсии Шумо дар кишварҳои дигарро дарбар гирифта метавонад; ба чунин кишварҳо, бе маҳдудият, кишварҳо-аъзоёни конвенсияи CETS108, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин, Сингапур, Вйетнам, Ҳиндустон, Канада, Филиппин ва Ҷопон мансубанд. Мо чораҳои мувофиқро мутобиқи қонунгузории амалкунанда меандешем, то ки муҳофизаи маълумотҳои шахсии Шуморо таъмин кунем. Чунин чораҳо истифодабарии ӯҳдадориҳои қатъиро барои ҳифзи интиқоли маълумотҳо дарбар мегиранд.
ШУМО ЧӢ ҲУҚУҚҲО ДОРЕД?
Маълумотҳои шахсӣ ба шумо тааллуқ доранд. Шумо аз мо пешкаш кардани маълумоти муфассалро оиди он, кадом маълумотҳоро ҷамъ овардем, хоҳиш карда ва аз мо нест кардани онҳо ё ки ислоҳ кардаи носаҳеҳии дилхоҳро хоҳиш карда метавонед. Шумо аз мо маҳдуд кардани коркард ё ки интиқоли маълумотҳои шахсии Шумо ё ки ивазкунии онҳо, инчунин ба Шумо пешкаш кардани маълумотҳои шахсиро, ки мо ҷамъ кардаем, дар мақсадҳои худ истифода бурда тавонед, хоҳиш карда метавонед. Вале дархост дар бораи нест кардани маълумотҳои шахсии Шумо ба гумкунии дастрасӣ ба Хадамоти пешкашкардаи мо оварда расонида метавонад. Мо маълумотҳоеро, ки бояд тибқи қонунгузорӣ нигоҳ дошта шаванд, нест намекунем.
Барои дархост додан оиди ҳуқуқҳои шумо ё ки муроҷиат кардан бо савол, бо мо тамос гиред. Маълумотҳо иловагиро дар қисмати ТАМОСИ БАРЪАКС бинед.
ИТТИЛООТИ ШУМОРО МО ЧАНД МУДДАТ НИГОҲ МЕДОРЕМ?
Мо маълумотҳои шуморо бештар зарурият барои он мақсад, ки онҳо ҷамъоварӣ гардидаанд, нигоҳ намедорем. Ин маънои онро дорад, ки иттилоот нест карда ва аз системаҳои мо нобуд карда мешавад, вақте ки он дигар лозим нашавад.
Мо чораҳои мутобиқро барои кафолати он меандешем, ки мо маълумотҳо оиди Шуморо дар асоси мантиқи зерин коркард мекунем ва нигоҳ медорем:
1. Муҳлати камтарине, ки дар давоми он иттилоот барои пешкаш карда шудани Хадамот ба Шумо истифода мешавад;
2. Мутобиқи талаботи қонун, шартнома ё ки нисбати муноосибатҳои оинномавии мо;
3. На дертар аз он, ки ин барои мақсадҳое, ки барои расидан ба онҳо ҷамъварӣ ва коркард гардидааст, зарур мебошад, мутобиқи шартномаи дилхоҳ ё ки қонунҳо ё ин ки бо мақсадҳои гирифтани маълумотҳои оморӣ, бо татбиқи воситаҳои мутобиқи ҳифзи иттилоот.
БЕХАТАРИИ МАЪЛУМОТҲОИ ШАХСӢ
Корпоратсияи Samsung ба масъалаи муҳофизаи Маълумотҳои шахсии истифодабарандагон диққати аввалиндараҷа медиҳад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон аз 21 майи соли 2013 № 94-V «Дар бораи маълумотҳои шахсӣ ва муҳофизаи онҳо» (Қонун «Дар бораи маълумотҳои шахсӣ»), Маълумотҳои шахсӣ ин маълумотҳое мебошанд, ки ба субъекти маълумотҳои шахсие мансуб мебошанд, ки дар асоси онҳо дар ҳомили электронӣ, коғазӣ ва (ё ки) модди дигар саб гардида муайян гардидаанд ё ки карда мешаванд (баъдан «Маълумоти шахсӣ»). Мо пурра дарк мекунем, ки Маълумоти шахсии шумо ба Шумо таллуқ доранд, ва барои таъмини бехатарии нигоҳдорӣ ва коркарди маълумотҳои ба мо интиқол дода шаванда тамоми кӯшишамонро ба харҷ медиҳем. Боварии шумо барои мо муҳимии фавқулодда дорад. Мо миқдори камтарини иттилоотро танҳо бо иҷозати Шумо ҷамъ мекунем ва онро ба таври истисноӣ барои мақсадҳои арзгардида истифода мебарем. Мо Маълумотҳои шахсии Шуморо ба шахсони сеюм бе огоҳӣ ва розигии шумо пешкаш намекунем. Ширкати Samsung барои таъмини маҳфузии маълумотҳои Шумо, аз он ҷумла, истифода гардидани протседураҳо оид ба таъини бехатарии маълумотҳои техникӣ ва протседураҳои идоракунии дохилӣ, инчунин чораҳо оид ба ҳифзи ҷисмонии маълумотҳо ҳамаи чораҳоро меандешад. Хусусан, мо технологияи шифркунии устуворро дар асоси Samsung Knox коркард кардем. Мо Samsung Knox-ро дар ҳамаи системаҳо ва маҳсулотҳо, ки моро аз ширкатҳои дигар ҷудо карда меистад, татбиқ мекунем. Мо барои беҳтар кардани ҳаёти Шумо аз ҳисоби истифода бурдани маҳсулотҳои рақамии таассуротгузоранда ва илҳомбахш кӯшиш мекунем. Барои ин ба мо нигоҳ доштани боварии Шумо муҳим аст, ва мо барои ҳифзи маълумотҳои шумо тамоми кӯшишамонро ба харҷ медиҳем.
Барои шавқмандӣ ва дастгирии шумо ташаккур.
Барои иҷроиши талаботи Қонуни «Дар бораи маълумотҳои шахсӣ», ҷамъкунӣ, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол, аз он ҷумла, ба хориҷаи Маълумотҳои шахсӣ (баъдан «коркарди маълумотҳои шахсӣ») аз ҷониби мо бо розигии Шумо (розигии субъект) ба амал бароварда мешавад. Дар ҳар як ҳолати дархосткунии Маълумотҳои шахсӣ мо мақсадҳои чунин ҷамъкунӣ ва доираи субъектҳоро, ки ба онҳо чунин маълумотҳо интиқол дода шуда метавонанд, нишон медиҳем.
Мо дар тартиби ҳатмӣ оид ба ҳифзи Маълумотҳои шахсӣ чораҳоро меандешем ва барои истифодабарии онҳо танҳо мутобиқи шартҳои розишии Шумо ӯҳдадор мешавем. Шумо розигии худро ба ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотҳои шахсӣ бо роҳи додани аризаи хаттӣ ба суроғаи почтавии: РММ «SAMSUNG ELECTRONICS CENTRAL EURASIA» (САМСУНГ ЭЛЕКТРОНИКС АВРУОСИЁИ МАРКАЗӢ), Ҷумҳурии Қазоқистон, ш. Алмато, 050000, ноҳияи Алмали, кӯчаи Желтоксан, 115, ошёнаи 3 баргашта гирифта метавонед.
Додани розигӣ аз ҷониби Шумо метавонад бо роҳи пахшкунии қайди «Согласен» ё ки бо усули дигар ба расмият дароварда метавонад, ки дар он ҷо Шумо ба коркарди маълумотҳои шахсӣ розӣ мешавед. Ба чунин ишора пахш карда, Шумо бо он розӣ мешавед, ки мо коркарди маълумотҳои шахсиро то расидан ба мақсадҳои ҷамъоварӣ ва коркарди онҳо ба амал бароварда, инчунин ба (1) ба ширкатҳои фаръӣ ва алоқаманди гурӯҳи Samsung Electronics, аз он ҷумла берун аз сарҳад дар ҳаҷми дилхоҳ; (2) ба контрагентон ва пудратчиёни ваколатдори бо мо қарордод дар бораи коркард ва фош накардани маълумотҳои шахсӣ баста; (3) ба шахсони сеюм бо қарори суд интиқол дода метавонем, агар дигараш бо қонунгузории амалкунанда пешбинӣ нагардида бошад.
Коркарди маълумотҳои шахсӣ бо мақсадҳои зерин ба амал бароварда мешавад: (1) реклама ва пешбурди молҳо таҳти нишони молии SAMSUNG, аз он ҷумла, фиристодани рекламаи мо, маълумоти шавқовар, хабарҳо ва паёмҳо; (2) ба амал баровардани ба қайд гирифтан барои иштирок дар фаъолияти мо; (3) барои коркарди дархостҳои Шумо, инчунин бо мақсадҳои дигари бевосита дар тавсифи Розигии шумо нишондодашуда.
НАМУНАИ розигӣ нисбати маълумотҳои шахсӣ
Ҳангоми истифода бурда шудани хадамоти мо ё ки барои иштирок дар лоиҳаҳои мо аз Шумо розигӣ нисбати Маълумотҳои шахсӣ пурсида шуданаш мумкин аст. Одатан мо шакли зеринро истифода мебарем: «Шаклро дар сомона пур карда ва ба тугмаи "Фиристодан" пахш намуда, мутобиқи қонуни ҶҚ «Дар бораи маълумотҳои шахсӣ ва ҳифзи онҳо» аз 21 майи соли 2013, Шумо розигии худро ба РММ «SAMSUNG ELECTRONICS CENTRAL EURASIA» (САМСУНГ ЭЛЕКТРОНИКС АВРУОСИЁИ МАРКАЗӢ) (баъдан – «Ташкилкунанда»), ба ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ, интиқоли (аз он ҷумла, берун аз сарҳад) маълумотҳои шахсӣ (иттилооти шахсӣ), инчунин, ному насаб, рақами телефон, суроғаи почтаи электронӣ, инчунин ба паҳнкунӣ ва истифода гардидани чунин иттилоот дар ВАО, аз он ҷумла, интернет дар доираи лоиҳаи мазкур розигӣ медиҳед.
Бо иштирок кардан дар лоиҳа, иштирокчии лоиҳа инчунин розигии худро ба интиқол дода шудани маълумотҳои тамосии ӯ дар ҳаҷми: но ва рақами телефон аз Ташкилкунанда ба шахси сеюм бо мақсади ба амал баровардани фиристоданҳо рекламавӣ, маркетингӣ ва навидҳо, инчунин ба амал бароварда шудани тамосҳои дигари бевосита бо мақсадҳои маркетингӣ медиҳад.
Розигӣ ба ҳамаи намудҳои коркарди маълумотҳои интиқолдодашудаи барои расидан ба мақсадҳои нишондодашудаи коркард, аз он ҷумла, вале бе маҳдудкунии он, паҳн мешавад: гирифтан,
сабткунӣ, нигоҳдорӣ, саҳеҳкунӣ, истифодабарӣ, интиқол (аз он ҷумла, интиқоли берун аз сарҳад мутобиқи қонунгузории амалкунанда), несткунӣ, нобудкунӣ, интиқол ба шахсони дигари ҳуқуқӣ, аз он ҷумла, хусусан, РДММ «Cheil Kazakhstan» (Чейл Қазоқистон) ва шахсони дигари ваколатдори Ташкилкунанда. Розигӣ аз лаҳзаи додани розигӣ ба Ташкилкунанда ва то лаҳзаи баргашта гирифта шудани розигии мазкур дар тартиби дар қонунгузории амалкунанда муқарраргардида эътибор дорад.
Пешниҳод накардани розигӣ барои интиқоли маълумотҳои шахсӣ маънои имконнопазирии иштироки баъдина дар лоиҳаро дорад».
Дар ҳолати розигии Шумо, Шумо розигиро аз рӯи он шакле, ки тибқи он ба Шумо додани розигӣ нисбати ҳар як ҳолат пешкаш карда шуда буд, пешниҳод мекунед.
КАДОМ ХАДАМОТҲОИ ШАХСОНИ СЕЮМРО ИСТИФОДА МЕБАРЕМ?
Баъзе аз муҳтаво, реклама ва амалкунии Хадамотҳои мо аз ҷониби шахсони сеюм таҳвил дода мешаванд. Ин шахсони сеюм аз файлҳои cookie, веб-миноҳо, пикселҳои пайгирӣ ва воситаҳои дигар барои ҷамъоварии иттилоот дар бораи аз ҷониби Шумо истифода гардидани ин Хадамотҳо истифода бурда метавонанд. Шахсони сеюми мазкур аз ҷониби Samsung бевосита назорат карда намешаванд, барои ҳамин мо ба Шумо бо сиёсати махфияти онҳо, барои фаҳмидани он, ки чӣ тавр онҳо аз маълумотҳои шахсии Шумо истифода мебаранд, шинос шуданро тавсия медиҳем.
Барои баъзе аз барномаҳо ва хадамотҳо, аз он ҷумла, шабакаҳои иҷтимоӣ, мо иттилоот дар бораи даромадан ба система, инчунин иттилооти дигарро, ки шумо ба мо барои гирифтан иҷозат медиҳед, мегирем ва нигоҳ медорем.
ФАЙЛҲОИ COOKIE, ВЕБ-МИНОҲО ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ШАБЕҲ
Мо ва баъзе аз шахсони сеюми таҳвилдиҳандаи муҳтаво, реклама ё ки ягон иттилооти дигари функсионалӣ дар Хадамотҳои мо, метавонем аз файлҳои cookie, пикселҳо, веб-миноҳо ва технологияҳои дигар дар қисматҳои муайяни Хадамотҳои мо истифода барем.
Файлҳои cookie
Файлҳои cookie — ин файлҳои хурде мебошанд, ки иттилоотро дар компютер, телевизор, телефони мобилӣ ё ки дастгоҳи дигар нигоҳ медоранд. Онҳо ба ташкилоте, ки файлҳои cookie-ро ба дастгоҳи Шумо ҷойгир кардаанд, барои шинохтани шумо дар веб-сомонаҳо, хадамотҳо, дар дастгоҳҳои гуногун ва ҳангоми кор бо браузер имкон медиҳанд. Файлҳои cookie вазифаҳои зиёди муфидро иҷро мекунанд. Масалан:
• Файлҳои cookie маълумотҳои баҳисобгирии шуморо барои даромадан ба хотир гирифта, Шуморо аз зарурияти такроран ворид кардани онҳо дар ҳар як дастрасӣ ба хизматрасонӣ озод карда метавонанд.
• Файлҳои cookie ба мо ва шахсони сеюм барои фаҳмидани он, ки кадом қисматҳои Хадамоти мо бештар мубрам мебошанд, ёрӣ медиҳанд, зеро онҳо ба мо барои дидани он имкон медиҳанд, ки ба кадом саҳифаҳо ва функсияҳо ташрифоварандагон муроҷиат мекунанд ва дар саҳифаҳо чанд вақтро мегузаронанд. Омӯхтани чунин иттилоот ба мо барои мувофиқгардонии хадамот ва баланд бардоштани сифати онҳо ёрӣ медиҳад.
• Файлҳои cookie ба мо ва шахсони сеюм барои фаҳмидани он имкон медиҳанд, ки кадом рекламаро дидед, ва барои андешидани чораҳо оиди он, ки Шумо худи як эълони рекламавиро ҳангоми ҳар як дастрасӣ ба Хадамот нагиред.
• Файлҳои cookie ба мо ва шахсони сеюм барои пешниҳод кардани муҳтаво ва эълонҳои рекламавии мутобиқ ба шавқмандиҳои Шумо бо шарофати ҷамъкунии иттилоот дар бораи аз ҷониби Шумо истифода бурда шудани Хадамотҳои мо, инчунин веб-сомонаҳо ва барномаҳои дигар ёрӣ медиҳанд.
Иҷро кардани дастрасӣ ба Хадамотҳо тавассути веб-браузер, шумо браузеро ончунон танзим карда метавонед, то ки он ҳамаи файлҳои cookie-ро қабул кунад, ҳамаи файлҳои cookie-ро рад кунад ё ки Шуморо оиди ҳар як фиристодани файли cookie хабар диҳад. Ҳамаи браузерҳо гуногунанд, барои ҳамин иттилоот оиди чӣ тавр тағйир додани танзимоти вобаста бо файлҳои cookie-ро дар менюи «Справка» дар браузери худ бинед. Низоми оператсионии дастгоҳи Шумо ҷузъҳои иловагии идоракунии файлҳои cookie-ро пешбинӣ карда метавонад. Диққат диҳед, ки кори баъзе аз Хадамотҳо истифодабарии файлҳои cookie-ро пешбинӣ мекунад, барои ҳамин, онҳоро хомӯш карда, Шумо аз ин Хадамотҳо ё ки ягон қисматҳои ин хадамотҳо истифода бурда наметавонед.
Нигоҳдории дигари маҳаллӣ
Мо ва баъзе аз шахсони сеюм дар кори Хадамоти мо технологияҳои дигари нигоҳдории маҳаллиро, масалан, объектҳои умумии маҳаллӣ (машҳур ҳамчун «Flash-cookie») ва маҳфузгоҳи маҳаллии HTML5 истифода мебарем. Ин технологияҳо ба файлҳои қаблан тавсифгардидаи cookie монанданд. Онҳо дар дастгоҳҳои Шумо маҳфуз карда мешаванд ва барои нигоҳдории маълумоти муайян дар бораи амалҳо ва бартариятҳои шумо истифода шуда метавонанд. Вале ин технологияҳоро ҷузъҳои дастгоҳҳои Шумо, ки аз файлҳои стандартии истифодашавандаи cookie истифода бурда мешаванд, барои ҳамин, шумо имконияти аз онҳо бо ёрии воситаҳо ва танзимоти стандартии браузер идора карданро надошта метавонед. Барои маълумоти иловагӣ дар боари хомӯш кардан ё ки нест кардани иттилооти дар объектҳои маҳаллии умумӣ мавҷудбуда ба ин ҷо нигаред: http://helpx.adobe.com/flash-player/kb/disable-local-shared-objects-flash.html.
Веб-миноҳо
Мо ва баъзе аз шахсони сеюм технологияҳои бо ном веб-миноҳоро (ё ки «пикселҳо»), ки иттилоотро аз дастгоҳи Шумо ба сервер интиқол медиҳанд, истифода бурда метавонем. Веб-миноҳо ба муҳтавои интерактивӣ, видео ва паёмҳои почтаи электронӣ ҷобаҷо карда шуда ва ба сервер хондани иттилооти намуди муайянро аз Дастгоҳи шумо имкон дода, кай Шумо муҳтавои муайян ё ки паёми муайян почтаи электрониро хондаатонро муайян хонда, вақт ва санаи дидани веб-мино, инчунин IP-суроғаи дастгоҳҳо муайян карда метавонанд. Мо ва баъзе аз шахсони сеюм аз веб-миноҳо дар мақсадҳои гуногун истифода мебарем, аз он ҷумла барои таҳлили Хадамоти мо (дар ҳамҷоягӣ бо файлҳои cookie) барои пешкашкунии мундариҷа ва реклама бо назардошти Шавқмандиҳои шумо истифода мебарем.
АЛОҚАИ БАРЪАКС
Шумо барои навкунии шавқмандиҳои Шумо оид ба истифода бурда шудани Иттилооти шумо, ислоҳкунии Иттилооти шумо, фиристодани дархост ё ки додани саволҳо ба мо бо мо тамос гирифта метавонед.
Ҳамаи инро тавассути қисмати «Тамоси баръакс» дар веб-сомонаи https://www.samsung.com/ кардан осонтар аст.
Шумо инчунин муроҷиат карда метавонед:
Ба назоратчии маълумотҳо
Samsung Electronics Co., Ltd.129, Samsung-ro, Yeongtong-gu,Suwon-si, Gyeonggi-do 16677, Republic of Korea
[Танҳо барои истиқоматкунандагони кишварҳои ба Фазои иқтисодии Аврупо ворибуда (EEA)]
Samsung Electronics дар тамоми Аврупо идораҳо дорад, барои ҳамин мо кафолат дода метавонем, ки дархост ё ки саволи шумо аз ҷониби гурӯҳи ҳифзи маълумотҳо дар минтақаи шумо коркард карда мешавад. Бо мо тавассути саҳифаи дастгирии махфият дар веб-сомонаи https://www.samsung.com/request-desk тамос гирифтан осонтар аст.
Шумо инчунин ба мо тавассути зерин муроҷиат карда метавонед:
Ваколатдор оид ба ҳифзи маълумотҳои Samsung Electronics (UK) LimitedSamsung House, 1000 Hillswood Drive, Chertsey, Surrey KT16 0PS
Шумо ба мақомоти мутобиқи назорат шикоят карда метавонед, агар шумо ҳисоб кунед, ки коркарди маълумотҳои шахсии шумо қонунгузории амалкунандаро вайрон мекунад. Маълумотҳои тамосӣ барои муроҷиат ба ҳамаи мақомоти назорат дар ИА-ро дар суроғаи https://ec.europa.eu/newsroom/article29/item-detail.cfm?item_id=612080 ёфтан мумкин аст.
Телефонҳо:
Хадамоти ягонаи дастгирии шабонарӯзии Samsung:
Қазоқистон 8-10-800-500-55-500 - занги ройгон аз минтақаи дилхоҳ
7799 - занги ройгон аз оператори дилхоҳи мобилӣ
Ӯзбекистон 00-800-500-55-500 занги ройгон аз минтақаи дилхоҳ
7799 - занги ройгон аз оператори дилхоҳи мобилӣ
Қирғизистон 00-800-500-55-500 - занги ройгон аз минтақаи дилхоҳ
9977 - занги ройгон аз оператори дилхоҳи мобилӣ
Тоҷикистон 8-10-800-500-55-500 - занги ройгон аз минтақаи дилхоҳ
8888 - занги ройгон аз оператори дилхоҳи мобилӣ
Муғулистон 1800-25-55 - занги ройгон аз минтақаи дилхоҳ
Суроғаҳои почтавӣ барои муроҷиатҳои хаттӣ:
РДММ «SAMSUNG ELECTRONICS CENTRAL EURASIA» (САМСУНГ ЭЛЕКТРОНИКС АВРУОСИЁИ МАРКАЗӢ)
Ҷумҳурии Қазоқистон, ш. Алмато, кӯч. Желтоксан, хонаи 115, ошёнаи 3, индекси почта A05D7M5 Тел: +7 (727) 321-12-81
Samsung Electronics Co., Ltd.129 Samsung-Ro, Maetan-3dong, Yeongtong-gu, Suwon-si, Gyeonggi-do, Korea
Истифодабарандагон дар Аврупо ба мо ба суроғаи зерин муроҷиат карда метавонанд:
Samsung Electronics (UK) Limited, Samsung House, 1000 Hillswood Drive, Chertsey, Surrey KT16 0PS
Ҳангоми мавҷудияти масъалаҳо оиди хадамоти пулакии интерактивӣ дар истифодабарандагон дар Аврупо ба суроғаи зерин бояд муроҷиат кард:
Samsung Electronics GmbHSamsung House, Am Kronberger Hang 6, 65824 Schwalbach/Ts., Deutschland
СИЁСАТИ МАХФИЯТИ SAMSUNG — ИЛОВА ОИД БА SMART TV
Хадамоти Smart TV аз ширкати Samsung як қатор функсияҳои пешкашкунандаи маводҳои видеоии васеъкардашудаи, барномаи фардӣ интихобкардашаванда, пайвастшавӣ ба хадамоти шабакаҳои иҷтимоӣ ва имконияти идоракунӣ ва муносибати байниҳамдигарӣ бо Smart TV тавассути фармонҳои овозиро пешкаш мекунад. Мо иттилооти таваасути Smart TV ва дастгоҳҳои ба Smart TV-и шумо пайвастгардидаро дар тартиби дар Сиёсати махфияти ширкати Samsung тавсифгардида ҷамъ мекунем, истифода мебарем, интиқол медиҳем ва нигоҳ медорем. Иловаи мазкур маълумотҳои муфассалро оиди усулҳои муҳофизати махфияти алоқаманд бо баъзе функсияҳои Smart TV дорад.
Хадамоти Smart TV барои осонкунии ҷустуҷӯи барномаҳои видеоӣ ва муҳтавои дигар офарида шудааст. Масалан, Шумо ба иттилоот дар бораи барномаҳои телевизионии аз ҷониби оператори ноқилӣ ё ки моҳворагии шумо пахш карда шаванда, инчунин маводҳои видеоии аз рӯи дархост дастрасбуда ва аз ҷониби таҳвилгарони ҷонибии муҳтаво тавассути ҷузвдонҳо бо дастгирии ҷустуҷӯи дар хадамоти Smart TV-и шумо пешниҳод карда шаванда дастрасӣ гирифта метавонед.
Дар ҳолати барномаҳои телевизионии мустақиман пахш карда шаванда, мо муҳтавои барои Шумо дастрасро қисман бо ёрии индекси почтавӣ муайян мекунем. Ба ғайр аз он, Smart TV барои ёфтан ва истифода бурдани муҳтавои дигари Smart TV, ки барои Шумо бештар мутобиқ аст, бо ҷудо кардани барномаҳо ва муҳтавое, ки барои Шумо шавқовар буда метаовнанд, ё ки бо пешкаш кардани хизматрасониҳое, ки сифати тамошоро баланд мекунанд, ёрӣ медиҳад. Тавсияҳо ва хизматрасониҳои иловагии мо аз маълумотҳои зерин асос мегиранд:
• иттилоот дар бораи муҳтаво, ки Шумо дидаед, харидаед, бор кардаед ё ки бо ёрии барномаҳои Samsung дар Smart TV-и худ оғоз кардаед (иттилоот дар бораи тамошои ТВ-ро дар қисмати «Хадамоти иттилоот дар бораи тамошо» дар поён нигаред);
• иттилоот дар боари барномаҳое, ки ба онҳо шумо бо ёрии Smart TV дастрасӣ гирифтаед;
• иттилоот дар бораи интихоби тугмаҳои «Писанд аст», «Писанд нест», «Ҳозир дидан» ва тугмаҳои дигари Smart TV;
• дархостҳои ҷустуҷӯии аз ҷониби Шумо ҳангоми истифода бурдани функсияи ҷустуҷӯ дар Smart TV, аз он ҷумла, ҳангоми ҷустуҷӯи маводи видеоии муайян;
• иттилооти дигар дар бораи истифода бурда шудани Smart TV ва дар бораи дастгоҳ, аз он ҷумла, ба ғайр аз дигарон, суроғаи IP, маълумотҳои журналҳо, иттилооти муайянкунандаи таҷҳизоти Шумо ё ки конфигуратсияи таъминоти барномавӣ, иттилоот дар бораи браузер ва дархостҳои саҳифаҳо.
Хадамоти иттилоот дар бораи тамошо
Қоидаҳои Огоҳии мазкур дар бораи махфиятро дар алоқамандӣ бо Сиёсати махфияти Samsung бояд тасниф намуд, ки амали он инчунин ба
аз ҷониби Шумо гирифта шудани имкониятҳои танзимшавандаи Smart TV паҳн мешавад, ки бо он дар суроғаи https://account.samsung.com/membership/pp шинос шудан лозим аст.
Барои танзимоти истифода гардидани Smart TV баъзе ба функсияҳо ва хадамотҳои мо ба маълумотҳо дар бораи таърихи тамошои телевизион ва истифода гардидани Smart TV такя мекунад.
Таърихи тамошои телевизион маълумотҳо дар бораи шабакаҳо, веб-сомонаҳои ташриф оварда шаванда ва барномаҳои дар Smart TV-и шумо тамошо карда шаванда, инчунин маълумотҳоро оиди вақти барои тамошои онҳо сарфшударо дарбар мегирад.
Барои гирифтани чунин иттилоот мо аз шинохти худкори муҳтаво (ACR) ва технологияҳои дигар истифода бурда метавонем. Smart TV-и шумо порчаҳои видео ё ки иттилоотро дар бораи
ТВ-тюнер интиқол медиҳад, то ки барномаҳои тамошо карда шавандаро муайян кардан мумкин шавад.
Шумо дар вақти дилхоҳ танзимоти махфиятро бо истифода аз менюи танзимот барои хомӯш кардани ин ё он функсияҳо ё ки хадамотро аз рӯи салоҳдиди худ тағйир дода метавонед. Дар ин ҳолат ҷамъоварии маълумотҳо дар бораи таърихи тамошо кардани телевизиони Шумо дигар барои функсия ё ки хадамоти мушаххас дигар ба амал бароварда намешавад.
[Танҳо барои истиқоматкунандагони кишварҳои ба Фазои иқтисодии Аврупо ворибуда (EEA)]
Аз ҷониби Шумо истифода бурда шудани Хадамоти мо интиқолдиҳӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди маълумотҳои шахсии шуморо дар беруни кишвари истиқомати Шумо, дар Корея, мутобиқи Сиёсати мазкурро дарбар мегирад. Ба ғайр аз он, аз ҷониби Шумо истифода гардидани Хадамотҳо инчунин интиқолдиҳӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди маълумотҳои шахсии шумо дар кишварҳои дигарро дарбар гирифта метавонад; ба чунин кишварҳо, бе маҳдудият, кишварҳои Фазои иқтисодии Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Канада мансубанд. Диққат диҳед, ки қонунҳо дар бораи ҳифзи маълумотҳо ва қонунҳои дигари кишвар, ки ба Фазои иқтисодии Аврупо дохил намебошанд, ба он маълумотҳои шумо интиқол дода шуда метавонад, метавонанд нисбат ба қонунҳои кишвари шумо камтар муфассал бошанд. Мо чораҳои мувофиқро мутобиқи қонунгузории амалкунанда меандешем, то ки муҳофизаи маълумотҳои шахсии Шуморо таъмин кунем. Чунин чораҳо истифодабарии шартҳои стандартии шартномавӣ барои ҳифзи интиқоли маълумотро берун аз EEA дарбар мегиранд. Барои гирифтани иттилооти иловагӣ ё ки гирифтани нусхаҳои қарордодҳои шартномавии ҷорӣ бо мо дар саҳифаи дастгирии махфият (https://www.samsung.com/request-desk) бо мо тамос гиред.
Дар назар дошта бошед, ки интихоби шумо оиди танзимоти махфият ба дастрасӣ ё ки сифати баъзе хадамоти аз иттилоот дар бораи тамошо асосгирифта таъсир расонида метавонад.
[Танҳо барои истиқоматкунандагони кишварҳои зерин: Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон]
Ба ғайр аз он, аз ҷониби Шумо истифода гардидани Хадамотҳо инчунин интиқолдиҳӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди маълумотҳои шахсии Шумо дар кишварҳои дигарро дарбар гирифта метавонад; ба чунин кишварҳо, бе маҳдудият, кишварҳо-аъзоёни конвенсияи CETS108, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада мансубанд. Мо чораҳои мувофиқро мутобиқи қонунгузории амалкунанда меандешем, то ки муҳофизаи маълумотҳои шахсии Шуморо таъмин кунем. Чунин чораҳо истифодабарии ӯҳдадориҳои қатъиро барои ҳифзи интиқоли маълумотҳо дарбар мегиранд.
Дар назар дошта бошед, ки интихоби Шумо оиди танзимоти махфият ба дастрасӣ ё ки сифати баъзе хадамоти аз иттилоот дар бораи тамошо асосгирифта таъсир расонида метавонад. Хадамоти реклама дар асоси шавқмандиҳо
Таъиноти Хадамоти реклама дар асоси шавқмандиҳо («Хадамоти РОИ») аз он иборат аст, то ки имконияти гирифтан ва тамошо кардани рекламаи муфид, интерактивӣ ва фардигардонидашудаи
реклама дар бораи маҳсулотҳо ва хизматрасониҳои аз ҷониби Samsung ва ҷонибҳои сеюм дар Samsung Smart TV-и шумо ё ки платформа ё ки дастгоҳҳои дигари Samsung ё ки ҷонибҳои сеюм пешниҳод карда шаванда, аз он ҷумла, реклама, реклама дар Интернет, реклама дар дастгоҳҳои мобилӣ ва планшетҳоро таъмин намояд.
Барои он, ки рекламаи дар дастгоҳҳои Шумо инъикос карда шаванда ба шавқмандиҳои Шумо мутобиқат дошта бошад, хадамоти РОИ бо назардошти таърихи тамошои телевизиони Шумо (аз он ҷумла, маълумотҳо дар бораи шабакаҳо, веб-сомонаҳои ташриф оварда шаванда ва барномаҳои дар Smart TV-и шумо тамошо карда шаванда, инчунин маълумотҳоро оиди вақти барои тамошои онҳо сарфшуда), иттилоот дар бораи истифода гардидани Samsung Smart TV ва маълумотҳои дигари омории аз сарчашмаҳои боэътимоди дигар гирифташуда пешкаш карда мешавад. Барои гирифтани таърихи тамошои телевизони шумо мо аз шинохти худкори муҳтаво (ACR) ва технологияҳои дигар истифода бурда метавонем.
Дар асоси иттилооти дар боло нишондодашуда мо гурӯҳи истифодабарандагони Samsung Smart TV-ро меофарем, ки шавқмандиҳои умумӣ доранд ва ин гурӯҳҳоро ҳангоми пешкашкунии Хадамоти РОИ татбиқ мекунем. Бо назардошти иттилооти дар боло нишондодашуда гурӯҳҳое, ки Samsung Smart TV-и шумо таъин карда мешаванд, ва айнан кадом эълонҳои рекламавиро дастгоҳи Шумо мегирад, муқаррар карда мешаванд.
Шумо Хадамоти РОИ-ро дар вақти дилхоҳ аз менюи «Танзимот» дар Samsung Smart TV хомӯш карда метавонед. Диққат диҳед, ки интихоби танзимоти махфият барои Хадамоти РОИ барои гирифта шудани намудҳои дигари реклама ва имконияти маркетингии алоқаманд набуда бо таърихи тамошои телевизион ё ки маълумотҳо оиди истифода гардидани Samsung Smart TV таъсир намекунад. Намудҳои мазкури реклама ва пешниҳодҳои рекламавӣ иттилооти дигари ба монанди ҷойгиршавии умумикардашудаи Шумо ё ки иттилооти дигари баҳодиҳишаванда ё ки мантиқан баровардашаванда асос хоҳад гирифт. Чунин реклама метавонад камтар релевантӣ дошта бошад, зеро он аз шавқмандиҳои Шумо асос намегирад.
Муфассалтар дар бораи Хадамоти РОИ ба «Огоҳинома дар бораи махфияти Хадамоти РОИ» дар анҷоми ин Илова нигаред.
PSID
Иттилоот дар бораи т0аърихи тамошо ва оиди истифобарии Smart TV, ки бо мақсади намоиши реклама дар асоси шавқмандиҳо ҷамъоварӣ мегардад, ба идентификатори дар тартиби тасодуфӣ интихобшаванда, доимӣ набуда ва бекор карда шавандаи дастго, ки идентификатор барои хадамоти шахсигардонидашуда ё ки PSID номида мешавад, пайваст карда мешавад. Шумо бекоркунии PSID-ро дар вақти дилхоҳ аз менюи «Танзимот» дар Smart TV ё ки истифода гардидани Smart TV карда метавонед, ва бо назардошти онҳо Шумо рекламаро дар асоси шавқмандиҳо мегиред, дигар ба PSID пайваст карда намешаванд. Диққат диҳед, ки дар ҳолати бекор карда шудани PSID шумо сифати рекламаи фардӣ интихобгардида дар асоси шавқмандиҳоро танзим карда наметавонед.
Шинохтани овоз
Шумо хадамоти Smart TV-ро бо ёрии фармонҳои овозӣ идора карда ва функсияҳои зиёди ӯро истифода бурда метавонед.
Агар функсияи шинохти овоз фаъол карда шавад, Smart TV-ро бо ёрии овоз идора кардан мумкин аст. Барои дастгирии функсияи шинохтани овоз фармонҳои овозии Шумо ба мо (бо ҳамроҳии иттилоот дар бораи дастоҳи Шумо, аз он ҷумла, идентификаторҳои дастгоҳ) интиқол дода мешавад, ва мо фармонҳои овозии Шуморо ба матни барои кори функсияи шинохтани овоз зарурбуда табдил медиҳем. Ба ғайр аз он, Samsung овозҳои шуморо ва матни бо он вобастаро ҷамъ оварда метавонад, то ки мо функсияҳоро баҳогузорӣ карда ва онҳоро такмил дода тавонем. Ширкати Samsung фармонҳои овозии Шуморо он гоҳ ҷамъ меорад, вақте ки шумо ҷустуҷӯи муайянро дар Smart TV, бо пахшкунии тугмаи фаъолкуниро ё дар пулти идоракунӣ, ё ки дар экрани худ пахш карда, ё ки калимаро барои инитсиализатсия гуфта (масалан, Hi, Bixby) дархост мекунед, ё ки ба микрофон дар пулти идоракунӣ ё ки дар Smart TV гап мезанед.
Агар функсияи шинохтани овозро фаъол накунед, Шумо аз функсияи шинохтани овоз истифода бурда наметавонед. Шумо ҷамъкунии маълумотҳои шинохтани овозро дар вақти дилхоҳ аз менюи «Танзимот» хомӯш карда метавонед. Бо ин истифодабарии функсияҳои шинохтани овоз имконнопазир мешавад.
Муфассалтар дар бораи шинохтани овоз ба «Огоҳинома дар бораи махфияти ҳангоми шинохтани овоз» дар анҷоми ин Илова нигаред.
Шахсони сеюм
Диққат диҳед, ки вақте Шумо видеоро тамошо мекунед ё ки ба барномаҳо ё ба муҳтавои аз ҷониби тарафҳои сеюм таҳвилдодашуда дастрасӣ мегиред, ин таҳвилгар метавонад иттилоотро оиди Smart TV-и шуморо (масалан, IP-суроғаи ӯ ва идентификарторҳои дастгоҳ), амалиёти дархостгардида (масалан, дархости шумо оиди харид ё ки иҷораи видео) ва аз ҷониби Шумо истифода гардидани барнома ё ки хадамотро ҷамъ оварда ё ки гирифта метавонад. Ширкати Samsung барои усулҳои таъмини махфият ё ки бехатарии ба чунин таҳвилгарон татбиқшаванда ҷавобгарӣ надорад. Эҳтиёт бошед ва аризаҳо дар бораи махфияти ба веб-сомонаҳои ҷонибӣ ва хадамотҳоеро, ки аз онҳо истифода мебаред, омӯзед.
Вобастагии функсияҳо аз кишвар
Диққат диҳед, ки дастрасии баъзе аз функсияҳои дар Иловаи мазкур дар бораи Smart TV тавсифгардида, аз ҷойи истиқомати Шумо вобастагӣ дорад.
ОГОҲӢ ДАР БОРАИ МАХФИЯТИ ХАДАМОТИ ШИНОХТАНИ ОВОЗ
Санаи қувваи қонунӣ пайдо кардан: 30 апрели соли 2019.
Samsung Electronics ва шахсони вобастаи мо, инчунин шахсони вобастаи онҳо Хавотири вобаста ба масъалаҳои махфияти маълумотҳои шуморо мефаҳманд. Огоҳии мазкур дар бораи махфият ба ҳамаи маълумотҳои шахсие паҳн мешавад, ки онҳоро мо дар доираи хадамоти шинохтани овоз (баъдан «Хадамоти шинохтани овоз») ҷамъ меорем.
Хадамоти шинохтани овоз ба истифодабарандагон имконияти ҷустуҷӯ кардан ва дидани муҳтаво, инчунин идоракунии маҳсулотҳои Samsung бо ёрии овозро пешкаш мекунад. Функсияҳои он истифода бурда шудани овози табӣ ҳангоми ҷустуҷӯи муҳтаво ва идоракунии Samsung Smart TV, кор дар Интернет, бо хадамоти обу ҳаво ва ғайра, ки одатан истифодабарандагон дар Samsung Smart TV истифода мебаранд, пешбинӣ мекунанд.
Барои баъзеи забонҳо аз функсияи такмилдодашудаи шинохтани овоз — Bixby истифода бурдан мумкин аст. Агар функсияи Bixby фаъол карда шуда бошад, оиди ин аз рӯи нишонаҳо, баннерҳо ё ки
ишораҳои дигар дар экрани Samsung Smart TV донистан мумкин аст.
Огоҳиномаи мазкур дар бораи махфият иттилооти иловагии мушаххасро дар бораи истифода гардидани маълумотҳои шахсии Шуморо вобаста бо Хадамоти шинохтани овоз дорад, ва қоидаҳои онро дар алоқамандӣ бо Сиёсати махфияти Samsung бояд тасниф намуд, ки амали он инчунин ба аз ҷониби Шумо истифода гардидани Хадамоти шинохтани овоз паҳн мегардад
ва бо он дар суроғаи https://account.samsung.com/membership/pp шинос шудан мумкин аст.
Дар Огоҳинома дар бораи махфияти мазкур мо намудҳои иттилооти дар доираи пешкаш гардидани Хадамоти шинохтани овоз ҷамъоваришавандаро тавсиф медиҳем, хабар медиҳем, чӣ тавр онро истифода мебарем, ва ба имконияти ба Шумо дастраси интихоб нисбати аз ҷониби мо истифода гардидани ин иттилоот нишон медиҳем. Samsung Electronics назоратчии маълумотҳо ҳангоми коркарди маълумотҳои шахсӣ мебошад.
ИТТИЛООТЕ, КИ МО ҶАМЪ МЕОРЕМ
Дар доираи Хадамоти шинохтани овоз мо иттилоот дар бораи Шуморо бо усулҳои гуногун гирифта метавонем. Ба намудҳои маълумотҳои шахсӣ, ки мо гирифта метавонем, мансубанд:
• Маълумот дар бораи сабти бақайдгирии Samsung (ҳатмӣ нест). Ҳангоми даромадан ба сабти бақайдгирии Samsung дар Smart TV-и шумо мо иттилооти алоқаманд бо сабти бақайдгирии Samsung-и шуморо гирифта метавонем, ки барои шинохтани овоз истифода мешавад, масалан, ном, суроғаи почтаи электронии шумо ва идентификатори сабти бақайдгирии Samsung.
• Муносибати байниҳамдигарӣ бо Хадамоти шинохтани овоз. Мо маълумотҳоеро, ки Шумо бо Хадамоти шинохтани овоз мубодила мекунед, тавассути муносибати байниҳамдигарии Шумо бо Хадамотҳо, аз он ҷумла, сабти фармонҳои овозии Шумо (масалан, саволҳои Шумо, дархостҳо ва дастурамалҳо), тасвирҳо, муносибати байниҳамдигарии сенсорӣ ва маълумотҳои дигари воридкардашаванда, инчунин маълумотҳое, ки Шумо аз Хадамотҳо мегиред (масалан, саволҳо, ҷавобҳо ва муҳтаво), гирифта метавонем. Ин инчунин маълумотҳои дигари алоқаманд бо аз ҷониби Шумо истифода гардидани Хадамоти шинохтани
овозро, аз он ҷумла, маълумотҳоро (масалан, иттилоот дар бораи барномаҳои истифодашаванда, веб-сомонаҳои ташриф оварда шаванда, инчунин тасвирҳо, мусиқӣ, сабтҳо дар тақвим, хатбаракҳо, дар бораи муҳтаво ва маълумотҳо аз барномаҳои дигар, веб-сомонаҳо ва хадамоти Samsung ва таҳвилгарони ҷонибӣ), ки мо аз барномаҳо ва хадамоти Samsung ва таҳвилгарони ҷонибӣ мегирем, ки ба онҳо Хадамоти шинохтани овоз муроҷиат мекунад ё ки аз онҳо истифода мебарад, барои осон кардани кори шумо бо ин Хадамот (масалан, интиқоли ҷараёнии мусиқӣ ё ки пешгӯии обу ҳаво) гирифта метавонем.
• Маълумотҳо оиди ҷойгиршави ҷуғрофӣ. Мо маълумотҳои геолокатсионӣ ва дигари алоқаманд бо ҷойгиршавии Шуморо, бо ёрии маълумотҳо дар бораи индекси дар ТВ нигоҳ дошта шаванда гирифта метавонем, ки онро бо ёрии IP-суроғаи шумо ё ки дархостҳои шумо барои мақсадҳои алоҳида, масалан, барои ба Шумо пешкаш кардани хадамот гирифтан мумкин аст.
• Маълумотҳо дар бораи дастгоҳ ва барнома. Мо ба таври худкор маълумотҳоро дар бораи дастгоҳҳои Шумо бо дастгирии Хадамоти шинохти овоз, ба монанди модели дастгоҳҳо, версияҳои системаи оператсионӣ, конфигуратсияҳо ва танзимоти дастгоҳҳо, IP суроғаҳо, идентификаторҳои дастгоҳҳо ва идентификаторҳои дигари беҳамто ҷамъ оварда метавонем. Ба ғайр аз он, мо маълумотҳоро оиди онро, ки чӣ тавр, кай ва чанд вақт Шумо дастгоҳҳоро бо дастгирии Хадамоти шинохтани овоз истифода мебаред, аз он ҷумла, истифода гардидани Хадамоти шинохтани овоз ва барномаҳо ва хадамоти Samsung ва истеҳсолкунандагони ҷонибӣ дар дастгоҳҳо (масалан, рӯихати барномаҳо дар дастгоҳҳо, мусиқии дар дастгоҳҳо оғозкардашуда, веб-сомонаҳои ташриф оварда шуда ва дархостҳои ҷустуҷӯӣ) гирифта метавонем.
МО АЗ ИТТИЛООТИ ШУМО ЧӢ ТАВР ИСТИФОДА МЕБАРЕМ?
Мо маълумотҳои тавассути Хадамоти шинохтани овоз гирифташударо барои зерин истифода бурда метавонем:
• ба Шумо пешкаш кардани Хадамотҳои ба монанди ҷавобҳо ба дархостҳо, саволҳо ва дастурамалҳои тавассути Хадамоти шинохтани овоз иҷрогардида;
• муайян кардани Шумо ва тафтиш кардани аслияти Шумо, то ки шумо аз Хадамоти шинохтани овоз истифода бурда тавонед;
• беҳтар ва танзим кардани аз ҷониби Шумо истифода гардидани Хадамоти шинохтани овоз, масалан, дастраскунии муҳтаво ва ҷавобҳои танзимгардида таҳти истифодабарандагони мо дар он услубе, ки дар онҳо
бо Хадамоти шинохтани овоз муносибати байниҳамдигарӣ доранд;
• (ҳангоми мавҷудияти розигии алоҳидаи шумо) бо Шумо оиди маҳсулотҳо ва хизматрасониҳои мо муошират кардан ва ба Шумо пешкаш кардани огоҳиҳо, муҳтаво, хабарномаҳо, пешниҳодҳо, иттилооти рекламавӣ ва маркетингӣ;• ҷавоб додан ба дархостҳои шумо;
• бурдан, таҳлил кардан ва такмил додани фаъолияти мо (аз он ҷумла, коркарди маҳсулоти нав; такмилдиҳӣ ва баландкунии сифати маҳсулот ва хизматрасониҳои мо; идоракунии коммуникатсияҳо; таҳлили маҳсулотҳои мо; гузаронидани тадқиқоти маркетингӣ; коркарди таҳлилии маълумотҳо; инчунин иҷроиши функсияҳои ҳисобдорӣ, аудиторӣ ва дигари дохилӣ);
• ба Шумо иҷозат додан барои муносибати байниҳамдигарӣ бо барномаҳо ва хадамоти ҷонибӣ, инчунин истифода бурдан аз онҳо;
• муҳофиза кардан аз қаллобӣ ва фаъолияти ҷиноятии дигар, даъвоҳо ва ӯҳдадориҳои дигар, инчунин, муайянкунӣ ва пешгирии амалҳои монанд;
• риоя ва иҷро кардани ҳамаи талаботи татбиқшавандаи қонунгузорӣ, стандартҳои мутобиқи соҳа ва сиёсатҳои мо, аз он ҷумла Огоҳиномаи мазкур дар бораи махфият ва Сиёсати махфият барои сабти бақайдгирии Samsung.
Бо истифодабарии Хадамоти шинохтани овоз, мо маълумотҳои шахсиро дар бораи ҳаракатҳои Шумо дар Интернет дар дастгоҳҳо бо Хадамоти шинохтани овоз дар давоми давраи дурударози вақт, инчунин тавассути барномаҳо, веб-сомонаҳшои ҷонибӣ ва хадамотҳои дигари онлайнӣ ҷамъ оварда метавонем. Мо аз хадамоти ҷонибии таҳлилиро дар Хадамоти мо истифода бурда метавонем. Таҳвилгароне, ки бо маъмурикунии ин хадамоти таҳлил машғуланд, ба мо барои таҳлилкунии аз ҷониби Шумо истифода гардидани Хадамот ва беҳтар кардани Хадамоти ёрӣ медиҳанд. Маълумотҳое, ки мо мегирем, метавонанд бевосита аз ҷониби ин таҳвилгарон ва ҷонибҳои дигари мутобиқ, ки ин маълумотҳоро истифода мебаранд, масалан, барои баҳодиҳии истифода бурдан аз Хадамот, ёрӣ дар пешкаш гардидани Хадамот ва ташхиси муаммоҳои техникӣ кушода шуда ё ки ҷамъ оварда шуда метавонанд.
ИМКОНИЯТИ ИНТИХОБИ ШУМО
Шумо Хадамоти шинохтани овозро дар вақти дилхоҳ аз менюи «Танзимот» хомӯш карда метавонед, вале ин истифода гардидани онро имконнопазир мекунад. Мо инчунин ба Шумо имконияти муайяни интихобро вобаста бо маълумотҳои Шахсии шумо, ки мо мегирем, пешниҳод мекунем. Барои тағйир додани танзимоти писандидаи Шумо,
маҳдудкунии миқдори паёмҳое, ки мо мегиред, ё ки равона кардани дархост, бо мо, чӣ тавре ки дар қисмати «Тамоси баръакс»-и сиёсати махфияти Samsung нишон дода шудааст, тамос гиред.
НАВСОЗИИ ОГОҲИИ МО ДАР БОРАИ МАХФИЯТ
Сиёсати махфияти мазкур гоҳ-гоҳ барои инъикоси тағйиротҳо дар усулҳои кори мо бо маълумотҳои шахсии дар доираи Хадамотҳо пешкаш карда шаванд, ё ки тағйиротҳо дар қонунгузории амалкунанда нав карда шавад.
Мо хабарномаҳои мутобиқро дар веб-сомонаи мо ва (ё ки) дар дастгоҳи шумо интишор мекунем, то ки шуморо
оиди тағйиротҳои ҷиддӣ дар Сиёсати махфият хабардор намоем, бо ин дар қисми болоии Сиёсати махфият санаи охирони навсозии он нишон дода мешавад.
ОГОҲӢ ДАР БОРАИ МАХФИЯТИ ХАДАМОТИ РЕКЛАМА ДАР АСОСИ ШАВҚМАНДИҲО
Санаи қувваи қонунӣ пайдо кардан: 30 апрели соли 2019.
Samsung Electronics ва шахсони вобастаи мо, инчунин шахсони вобастаи онҳо Хавотири вобаста ба масъалаҳои махфияти маълумотҳои Шуморо мефаҳманд. Огоҳиномаи мазкур дар бораи ба ҳамаи маълумотҳои шахсӣ, ки онҳоро мо дар доираи реклама дар асоси шавқамандӣ (баъдан «Хадамоти РОИ») ҷамъ меорем, паҳн карда мешавад. Огоҳиномаи мазкур дар бораи махфият иттилооти иловагии мушаххасро дар бораи истифода гардидани маълумотҳои шахсии Шуморо вобаста бо Хадамоти РОИ дорад, ва қоидаҳои онро дар алоқамандӣ бо Сиёсати махфияти Samsung бояд тасниф намуд, ки амали он инчунин ба аз ҷониби Шумо истифода гардидани Хадамоти РОИ паҳн мегардад ва бо он дар суроғаи https://account.samsung.com/membership/pp шинос шудан мумкин аст.
Дар Огоҳинома дар бораи махфияти мазкур мо намудҳои иттилооти дар доираи пешкаш гардидани Хадамоти шинохтани овоз истифодашавандаро тавсиф медиҳем, хабар медиҳем, чӣ тавр онро истифода мебарем,
ва ба имконияти ба Шумо дастраси интихоб нисбати аз ҷониби мо истифода гардидани ин иттилоот ва аз ҷониби Шумо амалӣ гардидани ҳуқуқҳои худро нишон медиҳем. Samsung Electronics назоратчии маълумотҳо ҳангоми коркарди маълумотҳои шахсӣ мебошад.
МАЪЛУМОТҲОИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ХАДАМОТИ РОИ
Таъиноти Хадамоти РОИ аз он иборат аст, то ки таъминоти имконияти гирифтан ва дидани реклама дар бораи маҳсулотҳо ва хизматрасониҳои аз ҷониби Samsung ва ҷонибҳои сеюм дар
Samsung Smart TV-и шумо ё ки платформа ё ки дастгоҳҳои дигари Samsung ё ки ҷонибҳои сеюм пешниҳод карда шаванда, аз он ҷумла, реклама, реклама дар Интернет, реклама дар дастгоҳҳои мобилӣ ва планшетҳоро таъмин намояд.
Барои он, ки рекламаи дар дастгоҳҳои Шумо инъикос карда шаванда ба шавқмандиҳои Шумо мутобиқат дошта бошад, хадамоти РОИ бо назардошти таърихи тамошои телевизиони Шумо (аз он ҷумла, маълумотҳо дар бораи шабакаҳо, веб-сомонаҳои ташриф оварда шаванда ва барномаҳои дар Smart TV-и Шумо тамошо карда шаванда, инчунин маълумотҳоро оиди вақти барои тамошои онҳо сарфшуда), иттилоот дар бораи истифода гардидани Samsung Smart TV ва маълумотҳои дигари омории аз сарчашмаҳои боэътимоди дигар гирифташуда пешкаш карда мешавад. Барои гирифтани таърихи тамошои телевизони шумо мо аз шинохти худкори муҳтаво (ACR) ва технологияҳои дигар истифода бурда метавонем.
Дар асоси иттилооти дар боло нишондодашуда мо гурӯҳи истифодабарандагони Samsung Smart TV-ро меофарем, ки шавқмандиҳои умумӣ доранд ва ин гурӯҳҳоро ҳангоми пешкашкунии Хадамоти РОИ татбиқ мекунем. Бо назардошти иттилооти дар боло нишондодашуда гурӯҳҳое, ки Samsung Smart TV-и шумо таъин карда мешаванд, ва айнан кадом эълонҳои рекламавӣ ба дастгоҳи аз ҷониби Шумо истифодашаванда равона карда мешаванд,
муқаррар карда мешаванд.
PSID
Иттилоот дар бораи истифода гардидани дастгоҳи Шумо, ки бо мақсади ба шумо пешкаш гардидани Хадамоти РОИ ҷамъоварӣ мегардад, ба идентификатори ба таври тасодуфӣ интихобшаванда, устуворнабуда ва бекоркардашавандаи дастгоҳ пайваст карда мешавад, ки PSID ном дорад. Шумо PSID-и худро, чӣ тавре ки дар қисмати «Имкониятҳои интихоби Шумо» дар Огоҳӣ дар бораи махфияти мазкур нишон дода шудааст, бекор карда метавонед.
ИТТИЛООТЕ, КИ МО ҶАМЪ МЕОРЕМ
Дар доираи хадамоти РОИ мо иттилоот дар бораи дастгоҳҳои Шуморо бо ёрии усулҳои гуногун ҷамъ меорем. Намудҳои иттилооти аз ҷониби мо гирифташаванда:
• Иттилоот дар бораи дастгоҳ. Мо маълумотҳои ба монанди модели дастгоҳи Шумо, версияҳои системаи оператсионӣ, конфигуратсияҳо ва танзимоти дастгоҳҳо, IP суроғаҳо, идентификаторҳои
дастгоҳҳо ва идентификаторҳои дигарро ҷамъ меорем.
• Иттилоот дар бораи истифода гардидани дастгоҳ ва маълумотҳои журналҳо. Мо иттилоотро оиди он, ки чӣ тавр, кай ва чанд вақт Шумо дастгоҳҳои худро истифода мебаред, аз он ҷумла, иттилоот дар бораи муносибати байниҳамдигарии Шумо бо Хадамоти РОИ, инчунин бо барномаҳо ва хизматрасониҳои Samsung ва ҷонибҳои сеюм дар дастгоҳҳои мазкур (масалан, рӯихати барномаҳо дар дастгоҳҳои шумо) ҷамъ меорем.
• Маълумот дар бораи дидан. Мо маълумотҳои таърихи тамошои телевизиони Шуморо ҷамъ меорем. Таърихи тамошои телевизион маълумотҳо дар бораи шабакаҳо, веб-сомонаҳои ташриф оварда шаванда
ва барномаҳои дар Samsung Smart TV-и шумо тамошо карда шаванда, инчунин маълумотҳоро оиди вақти барои тамошои онҳо сарфшударо дарбар мегирад. Барои гирифтани ин таърихи тамошои телевизон мо аз ACR ва технологияҳои дигар истифода бурда метавонем.
• Маълумотҳои оморӣ. Мо аз маълумотҳои оморӣ дар бораи Шумо ё ки дастгоҳи Шумо, ба монанди маълумотҳо оиди ҷойгиршавии умумикардашудаи Шумо ва гурӯҳи тақрибии синнусолӣ истифода бурда метавонем. Мо ин маълумотҳои омориро аз сарчашмаҳои ба таври тиҷоратӣ дастрас (дар тартиби аз ҷониби қонун иҷозатдодашуда), масалан, аз таҳвилгарони ҷонибии хизматрасониҳои мо мегирем. Мо танҳо бо он таҳвилгарони ҷонибии хизматрасониҳо ҳамкорӣ дорем, ки кафолат медиҳанд, ки ин иттилоот мутобиқи қонунгузории амалкунанда гирифта шудааст ва ба мо барои истифодабарӣ ва фошкунӣ дода шуда метавонад. Серверҳои Samsung иттилоотро дар вақти муносибати байниҳамдигарии Шумо бо Хадамоти РОИ мегиранд — масалан, маълумотҳо дар бораи муносибати байниҳамдигарии Шумо бо Хадамоти РОИ, ҷойгиршавии ҷуғрофии Шумо ва дастгоҳҳое, ки аз онҳо барои гирифтани хадамоти РОИ истифода мебаред.
МО АЗ ИТТИЛООТИ ШУМО ЧӢ ТАВР ИСТИФОДА МЕБАРЕМ?
Аз иттилооти дар доираи Хадамоти РОИ гирифта шавандаро, мо барои зерин истифода мебарем:
• ба Шумо пешкаш кардани хадамоти РОИ;
• баландкунии сифат ва шахсикунонии хадамоти РОИ;
• (ҳангоми мавҷудияти розигии алоҳидаи шумо) доштани тамос бо Шумо тавассути почтаи электронӣ ва равона кардани паёмҳо дар бораи маҳсулотҳо ва хизматрасониҳои Samsung ва шахсони сеюм,
ки бо назардошти талабот ва шавқмандиҳои Шумо коркард гардидаанд;
• ҷавоб додан ба дархостҳои Шумо;
• бурдан, таҳлил кардан ва такмил додани фаъолияти мо (аз он ҷумла, коркарди маҳсулоти нав; такмилдиҳӣ ва баландкунии сифати маҳсулот ва хизматрасониҳои мо; идоракунии коммуникатсияҳо; таҳлили маҳсулотҳои мо; гузаронидани тадқиқоти маркетингӣ; коркарди таҳлилии маълумотҳо; инчунин иҷроиши функсияҳои ҳисобдорӣ, аудиторӣ ва дигари дохилӣ);• муҳофиза кардан аз қаллобӣ ва фаъолияти ҷиноятии дигар, даъвоҳо ва ӯҳдадориҳои дигар, инчунин, муайянкунӣ ва пешгирии амалҳои монанд;
• риоя ва иҷро кардани ҳамаи талаботи татбиқшавандаи қонунгузорӣ, стандартҳои мутобиқи соҳа ва сиёсатҳои мо, аз он ҷумла Огоҳиномаи мазкур дар бораи махфият
ва Сиёсати махфият барои сабти бақайдгирии Samsung.
ИМКОНИЯТИ ИНТИХОБИ ШУМО
Шумо идентификатори PSID-ро дар вақти дилхоҳ аз менюи танзимот бекор карда метавонед; дар ин ҳолат алоқаи маълумотҳо дар бораи таъризхи тамошои телевизион ва истифода гардидани Smart TV бо PSID-и қаблӣ
канда мешавад. Диққат диҳед, ки бекор гардидани идентификатори PSID ба сифати Хадамоти РОИ таъсир карда метавонад.
Ба ғайр аз он, Шумо Хадамоти РОИ-ро дар вақти дилхоҳ аз менюи «Танзимот» дар Samsung Smart TV хомӯш карда метавонед.
Диққат диҳед, ки интихоби танзимоти махфият барои Хадамоти РОИ барои гирифта шудани намудҳои дигари реклама ва имконияти маркетингии алоқаманд набуда бо таърихи
тамошои телевизион ё ки маълумотҳо оиди истифода гардидани Samsung Smart TV таъсир намекунад. Намудҳои мазкури реклама ва пешниҳодҳои рекламавӣ иттилооти дигари ба монанди ҷойгиршавии умумикардашудаи шумо ё ки иттилооти дигари баҳодиҳишаванда ё ки мантиқан баровардашаванда асос хоҳад гирифт. Чунин реклама метавонад камтар релевантӣ дошта бошад, зеро он аз шавқмандиҳои шумо асос намегирад.
НАВСОЗИИ ОГОҲИИ МО ДАР БОРАИ МАХФИЯТ
Сиёсати махфияти мазкур гоҳ-гоҳ барои инъикоси тағйиротҳо дар усулҳои кори мо бо маълумотҳои шахсии дар доираи
Хадамоти РОИ пешкаш карда шаванд, ё ки тағйиротҳо дар қонунгузории амалкунанда нав карда шавад. Мо хабарномаҳои мутобиқро дар веб-сомонаи мо ва (ё ки) дар дастгоҳи шумо интишор мекунем, то ки
Шуморо оиди тағйиротҳои ҷиддӣ дар Сиёсати махфият хабардор намоем, бо ин дар қисми болоии Сиёсати махфият санаи охирони навсозии он нишон дода мешавад.