Тартиби коркарди маълумотҳои шахсӣ

Истифодабарандаи муҳтарам!

Агар шумо аз функсияи чат истифода баред, мо аз Шумо пешниҳод кардани маълумотҳои шахсии Шуморо дар вобастагӣ аз оне, ки бо кадом дархост ба мо муроҷиат кардед, хоҳиш карда метавонем. Ба ғайр аз он, мо таърихи чатро барои дастгирии боз ҳам самаранок, агар шумо ба мо такроран муроҷиат намоед, нигоҳ хоҳем дошт. Шумо пешниҳод намудани маълумотҳои дархостгардидаро рад карда метавонед, вале дар ин ҳолат мо, эҳтимол, ба шумо дастгириро дар ҳаҷми пурра ё ки ба таври бояду шояд расонида наметавонем. Шумо ҳуқуқи интихоб намудани роҳи дигари гирифтани дастгирии техникиро аз байни дар сомонаҳои https://www.samsung.com/kz_kz/info/contactus/ ва https://www.samsung.com/kz_ru/info/contactus/ пешкашгардида доред.

Бо пешниҳод кардани маълумотҳои шахсии худ дар чат, Шумо барои ҷамъ ва коркард кардани он розигиро (баъдан – «Розигӣ») ба РДММ «SAMSUNG ELECTRONICS CENTRAL EURASIA» (САМСУНГ ЭЛЕКТРОНИКС ТСЕНТРАЛНАЯ ЕВРОАЗИЯ) (баъдан - РДММ «СЭЦЕ») ва ширкати Samsung Electronics Co., Ltd (Корея) дар шартҳои дар поён нишондодашуда медиҳед:

Ба РДММ «СЭЦЕ» маълумотҳои Шуморо бо мақсадҳои зерин ҷамъ овардан ва коркард кардан лозим аст:
- ба Шумо пешкаш намудани дастгирии машваратӣ, техникӣ ва хидматӣ, инчунин дастгирӣ оид ба масъалаҳои фаъолятбарӣ ва фармоишҳо дар интернет-мағозаи расмии Самсунг;
- ба амал баровардани робитаи бевосита бо Шумо барои тамоси баръакс, саҳеҳкунии дархост, гузаронидани пурсишҳо ва тадқиқоти дараҷаи қаноатмандӣ аз сифати хизматрасонӣ;
- баҳодиҳӣ ва таҳлили бозор, маҳсулотҳо ва хизматрасониҳо;
- бурдани ҳисоботи дохиликорпоративии молиявӣ ва амалиётӣ.

Барои иҷроиши мақсадҳои дар боло нишондодашуда РДММ «СЭЦЕ» аз Шумо барои ҷамъоварӣ ва коркард маълумотҳои шахсии зеринро дархост карда метавонад: насаб, ном, номи падар (ҳангоми мавҷудият), маълумотҳои тамосӣ (рақами телефон ва суроғаи почтаи электронӣ), рақами идентификатсионии дастгоҳ, маълумотҳои дигари барои иҷроиши мақсадҳои дар боло нишондодашуда зарур, инчунин скриншотҳои ҳуҷҷатҳо дар бораи харидории дастгоҳ ва хизматрасонии сервисӣ ва маълумотҳои дигари барои иҷроиши мақсадҳои дар боло нишондодашуда зарур. РДММ «СЭЦЕ» инчунин идентификатори интернет-сессия (cookie-файлҳои браузери Шумо) ва таърихи чатро коркард мекунад. Дар вобастагӣ аз мақсадҳои муроҷиати Шумо ҳамзамон танҳо якчанд аз маълумотҳои номбаргардидаи шахсӣ дархост карда, ҷамъоварӣ гардида ва коркард карда шуда метавонанд.

Шумо Розигии мазкурро ба ҳамаи намудҳои ҷамъоварӣ ва коркарди барои расидан ба мақсадҳои дар боло нишондодашуда, аз он ҷумла, вале бе маҳдудкунӣ медиҳед: ҷамъоварӣ, сабткунӣ, систематизатсия, ҷамъкунӣ, нигоҳдорӣ, саҳеҳкунӣ (накунӣ, тағйирдиҳӣ) баровардан, истифодабарӣ, паҳнкунӣ, пешкашкунӣ, дастрасӣ, мамнӯъкунӣ, несткунӣ ва нобудкунӣ, интиқол, аз он ҷумоа интиқоли берун аз сарҳад дар доираи қонунгузории амалкунанда, инчунин ба шахсони сеюм, аз он ҷумла, ширкатҳои гурӯҳи ширкатҳои «Самсунг», аз он ҷумла Samsung SDS Europe Ltd., ҶДММ «Самсунг СДС РУС», ҶДММ «СЭРК», ҶДММ «СЭУК» ва контрагентони дигар дар доираи қонунгузории амалкунанда додан ё ки супоридан, агар чунин супориш барои расидани мақсадҳои дар боло нишондодашуда зарур бошад. Хусусан, коркарди маълумотҳои шахсӣ ба ҶДММ «Вебим.Ру», ҶДММ «ИнетПартнерс» бо мақсади таъмири амалкунии онлайн-чат, интегратсия бо мессенҷерҳои мобилӣ, бурдан ва нигоҳ дошта шудани таърихи муроҷиатҳо. Маълумотҳои ҷамъоваригардида ва коркардгардида бо ёрии сарчашмаҳои дастраси умум паҳн карда намешаванд.

Ширкати Samsung Electronics Co., Ltd. коркарди маълумотҳои Шахсии шуморо мутобиқи қоидаҳои Сиёсати махфият, ки дар суроғаҳои: https://www.samsung.com/kz_kz/info/privacy ва https://www.samsung.com/kz_ru/info/privacy/ ҷойгир карда шудаанд, ба амал мебарорад.

Функсионали системаи иттилооти онлайн-чат барои гузаронидани тафтиши саҳеҳияти иттилооти аз ҷониби Шумо пешкашгардида, инчунин барои баҳодиҳӣ ба қобилияти амали Шумо имкон намедиҳад, аз ҳамин сабаб, РДММ «СЭЦЕ» аз он бар меояд, ки Шумо иттилооти саҳеҳро пешкаш мекунед.

Розигии Шумо аз лаҳзаи пешкаш карда шудани маълумотҳо дар чат дар муҳлати ба талаботҳои қонунгузорӣ мутобиқ амал мекунад. Розигӣ аз ҷониби Шумо дар вақти дилхоҳ бо роҳи равона кардани баргашта гирифтан дар шакли хаттӣ дар суроғаи: Ҷумҳурии Қазоқистон, A05D7M5, ш. Алмато, ноҳияи Алмалинский, кӯч. Желтоксан, х. 115, ошёнаи 3, РДММ «SAMSUNG ELECTRONICS CENTRAL EURASIA» (САМСУНГ ЭЛЕКТРОНИКС СЕНТРАЛНАЯ ЕВРАЗИЯ), ё ки бо роҳи муроҷиат тавассути шакли тамоси баръакс «Мактуб ба идораи директори генералӣ» дар сомонаҳои https://www.samsung.com/kz_kz/info/contactus/ ва https://www.samsung.com/kz_ru/info/contactus/ бо нишондоди санаи чат ва маълумотҳои дар он пешкашгардида баргашта гирифта шуда метавонад.

Шумо тасдиқ мекунед, ки Тартиби ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотҳои шахсӣ ба Шумо фаҳмо аст ва Шумо иттилооти кофиро барои розигии шуурнок бо онҳоро доред.

RC01_Static Content : This text is only displayed on the editor page