Хунукии бароҳат бе бодгардҳои WindFree™
Технологияи инноватсионии
Samsung WindFree™
Тибқи таърифи Ҷамъияти америкоии муҳандисони соҳаи гармидиҳӣ, хунуккунӣ ва мутобиқкунии ҳаво (ASHRAE) ҳавои беҳаракат - ин ҷараёни ҳавое мебошад ки бо суръати 0,15 м/с бе бодгардҳо ҳаракат мекунад. Технологияи инноватсионии WindFree™-и Samsung ягона низоми мебошад, ки барои ба таври баробар ва бароҳат хунук кардани фазо “ҳавои беҳаракат”-ро истифода мебарад.¹
Бартарият
Хунукии бароҳат
Бо технологияи WindFree™, шумо дигар метавонед аз бодгард хавотир нашавед - кондитсионерҳои нави Samsung ҳуҷраро зуд хунук мекунанд ва ҷараёни ҳавои сардро ба вуҷуд намеоранд. Ин ба туфайли он рӯй медиҳад, ки ҳавои хунук тавассути 23 000 сӯрохиҳои хурдтарин дар тамоми ҳуҷра баробар тақсим карда мешавад.
Реҷаи хунуккунии босуръат
Ҳуҷраро тезтар хунук кунед, то ки дар вақти дилхоҳ ва дар қисмати дилхоҳи хонаатон ба таври гуворо хунукиро эҳсос кунед. Технологияи Digital Inverter Boost ҳаворо ба 43% тезтар хунук мекунад². Кондитсионерҳои бо технологияи мазкур мукаммалшуда шамолдиҳандаи 15% калонтар, сӯрохии воридшавии 18% васеътар ва пардаҳои 31% васеътар доранд. Ҳамин тариқ, ҳавои хунук нисбатан дуртар ва васеътар паҳн шуда, ба ҳар як гӯшаи ҳуҷра ба масофаи то 15 метр мерасад.
Садо нисбатан камтар
Бо WindFree™ садои кондитсионери ба шумо халал намерасонад.Дар муқоиса бо ҳолати муқаррарӣ хунукшавии суръаташ пасти WindFree™ бо кори бесадо фарқият дорад ва ҳангоми истироҳат ё хоб он халал намерасонад.
*Сатҳи пасти садо инчунин бо озмоишҳо дар ҳуҷра бидуни аксулсадо тасдиқ карда шудааст.
*Сатҳи пасти садо инчунин бо озмоишҳо дар ҳуҷра бидуни аксулсадо тасдиқ карда шудааст.
Истеъмоли босарфаи нерӯи барқ
Дар вақти кор бо реҷаи WindFree™ қисмати беруна дар муқоиса бо реҷаи хунуккунии оддӣ бо истифодаи нерӯи барқи кам кор мекунад. Ҳамин тариқ, шумо метавонед ҳамеша бе ташвиш оиди пардохтҳо барои нерӯи барқ хунукии бароҳатро нигоҳ доред.
Ёрдамчии садоӣ
Сплит-низомҳои Samsung акнун ба назорати садоӣ бо истифода аз ёрдамчии садоии Алиса дастрасӣ доранд.