Чаро хариди техникаи аслӣ фоидаовар аст

Танҳо хариди техникаи аслӣ ба шумо кори дарозмуддат, боэътимод ва бехатари дастгоҳҳоро кафолат медиҳад.

Чӣ гуна худро аз қалбакӣ муҳофизат кардан мумкин аст

Техникаи худро танҳо аз шарикони расмӣ ва дар мағозаҳои намояндагони расмии мо харидорӣ намоед. Танҳо дар ин сурат шумо ҳуқуқҳои истеъмолкунанда, сифат ва аслияти маҳсулот, инчунин ҳуқуқ ба худ хизматрасонии ройгони техникӣ дар муҳлатҳои муқарраршударо таъмин мекунед.

Наздиктарин мағозаи техникаи аслии Samsung - ро ба худ пайдо намоед.

Чӣ тавр аслияти техникаи худро тафтиш кардан мумкин аст

*Хидмати санҷиш танҳо барои техникаи Samsung, ки пас аз 1 январи соли 2024 расман харидорӣ шудааст, дастрас мебошад.
Хизматрасонии зерин, рақамҳои силсилавии дастгоҳҳои маишӣ ва ва телевизорҳои Samsung - ро, ба истиснои дастгоҳҳои мобилӣ, тафтиш мекунад.

Ба чӣ бояд диққат дод

Таҷҳизоти маишӣ ва телевизорҳои Samsung: чӣ гуна маҳсулоти аслиро муайян кардан мумкин аст

Баъзан ба назар мерасад, ки молҳои қалбакӣ аз маҳсулоти аслӣ ба осонӣ фарқ намекунанд. Аммо як қатор аломатҳо ҳастанд, ки онҳоро ҳатто бо чашми оддӣ дидан мумкин аст. Барои он ки ба доми фурӯшандагони беинсоф наафтед, мо тавсия медиҳем, ки ба хусусиятҳои зерин диққат диҳед.

Бо таваҷҷуҳ ба ҳамаи аломатҳои дар боло зикршуда, шумо метавонед худро аз хариди техникаи пастсифат муҳофизат намоед, ки ин ба шумо роҳати бештар ва эътимод дар ҳаёти ҳаррӯза таъмин мекунад.

Барои ҳама гуна машварат шумо метавонед ба маркази дастгирии
Samsung Electronics Central Eurasia бо рақами 7779, мағозаҳои расмии Samsung ё мағозаҳои шарик муроҷиат кунед.